Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти журналисти тоҷик дар марзи Русияву Украина


«Миллат», ҳафтавори тозанашри мустақил пас аз ҳукми зиндони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон ба баррасии ояндаи наздики ин ҳизб пардохтааст. Нашрия ин суолро ба миён гузоштааст, ки акнун, дар пешорӯи интихоботи раисҷумҳур демократҳо оё раиси дигар барои худ интихоб мекунанд ё Искандаровро боқӣ мегузоранд? Муаллифи матлаб навиштааст, ба ҳар навъ, дар суфуфи ҲДТ дигар чеҳрае нест, ки аз лиҳози таҷрибаи сиёсӣ ва имконоти молӣ бо Искандаров баробар бошад.

«Наҷот» дар матлабе аз наҷоти рӯзноманигори зиндонӣ, Ҷумъабой Толибов табли шодӣ зада тасмими Додгоҳи Олӣ дар мавриди мубарро донистани рӯзноманигорро иқдоме дар роҳи таҳкими волоияти қонун донистааст. Дар матлаб мавзӯъи зарари маънавӣ ва моддии ба Толибов расонидашуда бардошта шудааст, ки онро кӣ бояд ҷуброн кунад ва барои ҳукми ба таъбири нашрия ноодилона ва ғайриқонунии додгоҳи Шаҳристон кӣ бояд посух бигӯяд? Нашрия гуфтааст, бетафовутии мақомот ба тақдири инсон, эътимоди мардум ба давлат ва қонунро мешиканад.

Нашрияҳои ҳукуматӣ дар шумораҳои тозаи худ суханрониҳои раисҷумҳур Раҳмоновро дар Маскав, Санкт- Петербург ва Порис нашр кардаанд. «Ҷумҳурият» гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмонов дар Маскавро овардааст, ки президенти Тоҷикистон баргузории рӯзҳои фарҳанги кишвараш дар Русияро бо эҳёи бунёди нерӯгоҳҳои Роғун ва Сангтӯда, ки бо сармоягузории ширкатҳои русӣ пиёда мешавад, пайванди рамзӣ додааст. Эмомалӣ Раҳмонов Русияро пуле миёни тоҷикон ва ҷаҳон арзёбӣ кардааст.

Ва дар ҳамин ҳол, «Зиндагӣ» аз боздошти хабарнигори махсуси маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон дар марзи Русияву Украина хабаре чоп кардааст. Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори боздоштшуда навиштааст, мувофиқи қонунҳои Русия ҳар як шаҳрванди хориҷӣ ҳар се моҳ бояд як бор аз ҳудуди Русия хориҷ шавад ва бо варақаи ҳиҷратии нав вориди ин кишвар гардад. Баъзе ашхос варақаҳои ҷаълӣ мехаридаанд, баъзеи дигар марзҳои Украинаву Белорусро убур карда боз ба Русия ворид мешудаанд. Хабарнигор ба хотири огаҳӣ аз ҳоли муҳоҷирони тоҷик дар марз мехоҳад сарҳадро убур намояд, вале марзбонони Украина аз ӯ талаби сад доллар ришва кардаанд. Чун мефаҳманд, ки журналист аст, баъд аз се соати боздошт раҳояш мекунанд ва мегӯянд, шукри касбашро гӯяд. «Зиндагӣ» навиштааст, чунин муносибату ҳоли хору зорро ҳамаи муҳоҷирони тоҷик мувоҷеҳанд.

«Азия - Плюс» номаи як мардро чоп кардааст, ки фарзандаш ҳини хидмат дар артиши Тоҷикистон ҳалок шудааст. Мувофиқи он, сарбози ҷавонро қумондони қисми ҳарбӣ ба хонааш коркунӣ мебарад ва дар натиҷаи як ҳодисаи нохуш сарбоз маҷрӯҳ мешавад. Қабл аз маргаш дар маризхона, сарбоз ба волидонаш воқеъаи рухдодаро нақл мекунад. Додгоҳи ҳарбии Душанбе афсарро дар марги сарбоз мубарро донистааст, вале падари сарбоз ба ин ҳукм розӣ нашуда дар ҳалокати писараш аз қумондони ӯ домангир аст.
XS
SM
MD
LG