Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Амрико


Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Амрико як вақт бо Саддом Ҳусайн ҳамкорӣ мекард ва ҳоло ӯро ба додгоҳ кашидааст. Руссия бошад барои манфиати худаш лозм бошад аз қувваи ҳарбии худ истифода мебарад, чуноне ки мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дидем ва чуноне ки мо дида истодаем имрӯза ҳукумат барои чӣ тавр сари қудрат боқӣ монданаш сиёсати худро якҷониба танҳо ба сӯи Руссия равон карда истодаасту халос. Барои ҳамин ҳукумат аз режими Каримов пуштибонӣ мекунад, ҳоло он ки режими Каримов ҳарсол ба буҷаи Тоҷикистон садҳо миллион доллар зарари иқтисодӣ мерасонад.
Дар вохӯрии вазири хориҷаи Амрико бо ҳизбҳои сиёсӣ маълум шуд, ки имрӯза ҳизбҳо ҳизбҳои оппозистионӣ нестанд.
Ба назари ман, замона ҳарчӣ ки талаб мекунад, мо бояд ба ин нигоҳ карда пеш равем, барои ин ҳамкорӣ бо Амрико ва Аврупо бояд дар мадди аввал биистад, Русия бошад худаш барои манфиатҳояш маҷбур мешавад бо мо ҳамкорӣ кунад, чунки Тоҷикистон яке аз шарики стратегии Русия мебошад ва мо ҳам ҳис мекунем, ки зиёда аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия муҳоҷир ҳастанд ва нисбати Русия мо бояд сиёсати ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷадро истифода барем.
Саломат бошед.
Бобо Умарбекзод




Салом бародарон ва хоҳарон.
Амрико бад аст, лек Русия аз он ҳам бадтар. Чуноне ки воқеъаҳои Андиҷон нишон доданд, Русия тарафдори зулм бар мардуми ом аст. Аммо Амрико тарафдори халқ аст. Ҳар қадаре, ки Амрико бад набошад. Халқи оддӣ моему шумоед. Зулм бар мо мекунанд. Ва Амрико пуштибони мо хоҳад буд, аммо Русия тарафдори чунин шахсоне ба мисли Каримов, Раҳмонов ва Туркманбошӣ.
Мутаассифона, мо дар назди Русия ҳамеша худро муттаҳам меҳисобем, дар Русия муҳоҷирони мо кор мекунанд, аммо Тоҷикистон барои Русия аҳамияти стратегӣ дорад, мо бояд аз ин истифода барем, аммо маатаассуф чунон рохбарони чун Раҳмонов дорем, ки ғайр аз наздиконаш дигар ҳеч куҷоро намебинад.
Мо барои Амрико низ аҳамияти стратегӣ дорем.
Дар Тоҷикистон маркази "Окно", ки Раҳмонов онро ба Русия тӯҳфа намуд, вуҷуд дорад, ки Амрико аз будани ин гуна марказҳои кайҳонии Русия хавф дорад ва ҳамчунин ҳаммарзи Хитой аст.
Сад шукр, ки Раҳмонов ҳангоми сарварии худ 2 кори фоидадоре барои тоҷикистониён иҷро намуд. Аввал сулҳ, дуввум баровардани марзбонони рус. Дар наздикиҳои Маскав як ноҳияе аст, ки Рублевка ном дорад. Замини ин минтақа хело қиммат аст. Садҳо ҳазор доллар. Чанд марзбони русе, ки дар Тоҷикистон хизмат мекарданд, дар ин ноҳия хонаҳои дуошёна-сеошёна доранд. Ҳамаи онҳо аз подполковнику майор боло нестанд. Генералҳои вазорати мудофиа дар он ноҳия хона надоранд, аммо инҳо доранд. Савол аз куҷо?
Ман тарафдори бо АВРУПО будани Тоҷикистон ҳастам, на Амрико ва на Русия. Зеро кишварҳои бузург ҳамеша дар кишварҳои хурд манфиатҳои худро меҷӯянд ва барои манфиатҳои худ ба ҳар роҳ мераванд.
Муҳоҷир.
--------------------------------
Чаро мо бояд ҳамеша ба фикри ин бошем, ки як хоҷа, сарпараст ва ё қаюм дошта бошам? Оё вақти он нарасидааст, ки миллати тоҷик сарнавишташро дар даст бигирад. Бо ҳамаи кишварҳо бояд равобити хуб дошт, аммо манофеъи миллии маҳаки ин муъомилот ва додуситад бошад. Ҷаноби Раҳмоно дар муддати 12-13 соли ҳукуматаш нишон дод, ки лаёқати ҳамчун мақомеро надорад ва агар инсоф дошта бошад, бояд навбатро ба каси шоиста ва дилсӯзи мардум бидиҳад. Кишвар ва қудратҳои дигар низ бо касе робитаи дуруст мекунанд, ки интихобкардаи мардум бошад ва манфиати мардуми худро аз ҳама чизи дигар боло гузорад.
Саодат.
------------------------------
Мардуми тоҷик чун дигар ҷаҳониён ба Амрико, хусусан ба тараққиёти он таваҷҷӯҳи калон дорад. Муносибати Тоҷикистону ИМА бошад, алҳол "мӯътадил" аст. Бигзор чунин мӯътадил бимонад ва мабод, ки чун ӯзбакҳо як рӯз дӯсту як рӯз душман бошем.
С.Толиб,
донишҷӯ

-----------------------------
Ба фикри ман, ҷаноби Раҳмонов акнун роҳи дурусти сиёсатҳои хориҷии Тоҷикистонро пайдо кардааст. Аз он лиҳоз, ки дар навбати аввал ҳар кишвар бояд манфиатҳои миллии ӣудро ба ҳисоб гирад. Аз ин рӯ хуб мебуда, агар мо ҳам дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Амрикоро медоштем. Чи хеле ки дар Қирғизистон ҳаст. Он гоҳ бо ҳар ду тараф равобити боманфиат хоҳем дошт. Ҳоло худро пурра ба Русия додаем, ки ба фикри ман начандон дуруст аст.
Назарзода
---------------------
Амрико бо вуҷуди тамоми навоқис беҳтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар он низоми демократӣ аз озмоишҳои шадиди торих гузаштааст. Тоҷикистон метавонад аз Амрико чизҳои зиёде омӯзад ва ба даст орад. Биноан, Тоҷикистон бояд бо ИМА беҳтарин равобитро дошта бошад. Як худи он ки Амрико минтақаро аз шарри Толибон наҷот медиҳад, кӯмаки олӣ ба Тоҷикистон аст, ки ягон кишвари дигар накардааст. Ҳамчунин Амрико калонтарин донори Тоҷикистон аст. Он ки кишварҳое чун Эрон наметавонанд бо Амрико забон ёбанд, ҷурми худи онҳост, то ҷурми Амрико.
Сайидраҳмон.
------------------------------
Ба фикри ман набояд Точикистон аслан бо Америка рафтуомад кунад, чун чеҳраи Америка ба чаҳониён маълум шудааст, ки Америка ҳеч вақт ба фикри мардуми дигар нест ҳатто мардуми худаш ва ба ҳамин хотир набояд иртиботи зиёд дошт. Намунаҳои дӯстии Америка ва дилсӯзии он дар кишварҳои Афғонистон ва Ироқ рӯшан шуд ва мехоҳад мардуми араб ва форсро хор кунад бинобарин бояд масъулони буландмақоми кишвар ҳушёр бошанд.
Ҷек
------------------------------
Сиёсати Раҳмонов ба он равона шудааст, ки бо Русияву Чину Эрон ва Амрикову Иттиҳоди Аврупо муносиботи хуб дошта бошад. Барои миллати мо низ ин тавозун айни муддаост. Аммо дар баробари ин мо бояд бештар дар дохил ба натиҷаҳое бирасем, ки мутаассифона, нарасида истодаем. Тоҷикистонро мисли Ӯзбакистон касе дар таҳримот олуда намесозад, ба шарте аз дохили Точикистон садоҳои эътироз баланд нашаванд. Агар шуданд ва қувват гирифтанд, ҳам Русияву Чину Эрон ва ҳам Амрикову Иттиҳоди Аврупо мехоҳанд дар ин эътирозҳо манофеи худро ҷой кунанд. Агар тавофуқ байни эшон ба вуҷуд омад хуб, агар не вайрон шудани тавозун ба сари миллати мо бадбахтиҳо меорад. Акнун кори Раҳмонов аст, ки сари тақсими моликияти Тоҷикистон таҷдиди назар кунад ва Тоҷикистон танҳо моли оилаҳои ҷудогона набошад. Бахусус корхонаҳои бузургро дар ҳисоби мардум бояд гузошт. Буҷаву дахлу харҷи онро шаффоф ба мардум бояд гуфт. То мардум донад, ки аз моли ӯ касе намедуздад ва моли ӯ барои беҳбуди зиндагии ӯ меравад. Имрӯз мардум инро намефахмаду намепурсад, пагоҳ ҳам мефаҳмад, ҳам аз гиребон мегирад. Оқои Раҳмонов ҳанӯз имкони хуби хизмат ба мардум ва таърихи кишварро дорад.
Аз радиои Озодӣ хоста мешавад, ки ин суханонро бетаҳриф дар сайт ҷой кунад. Ташаккур!
(Беимзо)
-----------------------------------
Салом
Аҳли Озодӣ!!!

Дар ҷаҳони кунунӣ Амрико кишвари абарқудрат аст ва Тоҷикистон як кишвари кӯчак. Ба назари ман, Тоҷикистон бояд нисбат ба Русия дида бо Амрико муносибаташро хубтар ба роҳ монад, нағз мешавад. Зеро Русия имрӯз як кишвари фалаҷшуда аст ва ҳоли хароб дорад. Беш аз даҳ сол аст ин кишвар наметавонад, низоъи чеченро хомӯш намояд. Чи гуна бо кишваре, ки дар арафаи парокандашавӣ қарор дорад, ҳамкории дарозмуддатро ба роҳ мемонӣ? Аз ҳамин чиҳат Тоҷикистонро бояд бо Амрикои пурқувват, ки тавонистааст, нисфи дунёро дар зери даст орад, ҳамкорӣ намудан аз ҳар ҷиҳат хуб ва аз ҷиҳати миллатпарварӣ низ муҳим аст. Дар замони глобализатсия ва интегратсия нисбат бо кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакистону дигар кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ ҳамкории бештар бо Амрико барои ояндаи миллати тоҷик баманфиаттар аст.
Аслам
-------------------------------
Ба фикри ман Тоҷикистон бо Амрико бояд бештар ҳамкориҳои иқтисодиро афзоиш бидиҳад, вале ҳушёр бошад, ки рузе ба тамом зери султаи ин кишвари абарқудрат намонад ва Вашингтон дар Тоҷикистон яккатоз нашавад. Агар тақдири миллату кишвари мо ба куллӣ дар ихтиёри Амрико гузошта шавад, ин ба мо бадбахтиҳои зиёде хоҳад овард. Зеро яке аз ҳадафҳои ҳукумати ҷаҳонии англо-саксониҳо, ки Амрико аз ҷумлаи кишварҳои онҳост, коҳиш додани мавқеъи эронитаборон дар Шарқ аст. Англо-саксҳо ҳаргиз тараққиву тавсеаи кишварҳои эронинажодро қабул надоранд ва бо ҳар роҳ мардуми дигари минтақаро ба муқобили онҳо дастгирӣ мекунанд.
Сиёвуш
XS
SM
MD
LG