Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти вакили мудофеъи шинохтаи Суғд


Файзинисо Воҳидова - ҳуқуқшиноси мустақил ва яке аз раҳбарони бахши суғдии Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон дар Хуҷанд аз сӯи додситонӣ мавриди боздошт қарор гирифтааст. Додситонии Суғд рӯзи панҷшанбеи 13 октябр бо пахши як иттилоъия гуфт, ки Файзинисо Воҳидова бо иттиҳоми корбурди дипломи қалбакӣ дар бораи маълумоти олӣ айбдор мешавад ва дар қиболи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тавре дар иттилоъия омадааст, Файзинисо Воҳидова дар соли 1986- и милодӣ, дар ҳоле ки дар идораи умури дохилаи Суғд ба ҳайси муҳосиб адои вазифа мекард, аз як муаллими Донишгоҳи ғоибонаи ҳуқуқшиносии шаҳри Горкийи Русия дипломи тақаллубии маълумоти олиро ба даст овард ва бо истифода аз он то ба ин муддат ба ҳайси ҳуқуқшинос ва вакили дифоъ дар идораҳои мухталифи зиддахл адои вазифа мекард.
Дар ҳоли ҳозир Файзинисо Воҳидова дар боздоштгоҳи пешакии додситонии Суғд ба сар мебарад. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи вай баъди мулоқот бо хонум Воҳидова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти нафари таҳти ҳимояташ дар заминаи фаъолияташ дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи инсон сурат гирифтааст. Файзинисо Воҳидова узви коллегияи вакилони мудофеъи Тоҷикистон буда, дар замони боздошташ дар як Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Хуҷанд, ки дар ду соли қабл аз ҷониби худи ӯ таъсис дода шуда буд, ба ҳайси ҳуқуқшинос ва вакили дифоъи мустақил фаъолият мекард.
Ҳамзамон вай ба бахши Ҳизби Сотсиал - Демократӣ дар вилояти Суғд пайваста, моҳи марти соли равон номзадии худро барои иштирок дар интихоботи порлумонӣ пешбарӣ намуд. Вале комиссияи интихоботӣ аз сабти номаш, ба далели он ки гӯё дар санади пешбарӣ бархе аз амволи ӯ қайд нашудааст, худдорӣ варзид.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG