Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ҷозет Шиннер бо тоҷирони тоҷик


Зимни дидори Ҷозетт Шинер, муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо намояндагони доираҳои тиҷорию саноии Тоҷикистон, ки паси дарҳои баста сурат гирифт, масоили кӯмакҳои молии Амрико ба ширкатҳои хусусии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифтанд.
Тавре як манбаъ аз дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, сабаби пушти дарҳои маҳкам доир гардидани ин мулоқот ин аст, ки ҷониби Амрико намехоҳад, мақомоти Тоҷикистон пас аз дидор бо хонум Шинер болои ширкатҳои хусусии тиҷорӣ фишорҳо биёрад. Мукаррама Қаюмова, раиси Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии «Ҳафт пайкар», ки аз иштирокдорони мулоқот буд, гуфт, мехоҳад, ки Амрико кӯмаки молӣ кунад, то ки онҳо тавонанд, ҳар чӣ бештар занҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд.
Ва аммо Саид Раҷабов, раиси корхонаи истеҳсоли нӯшокии мавсум ба «Гули кӯҳсор» гуфт, мақсади асосии онҳо пайдо кардани сармоягузори хуб барои тавсиаи фаъолияти корхонаашон аст. Дар нишасти мазкур 14 соҳибкор ва раҳбарони ширкатҳои хусусии тиҷории Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳар яке аз соҳибкорон ба мулоқоти Ҷозетт Шинер, муовини котиби давлатии Амрико оид ба иқтисод ва тиҷорат бо пешниҳоду дархостҳои худ ҳозир шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG