Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Амрико


Зимни дидори Ҷозетт Шинер, муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо намояндагони доираҳои тиҷорию саноатии Тоҷикистон, ки паси дарҳои баста сурат гирифт, аслан масоили кӯмакҳои молии Амрико ба ширкатҳои хусусии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор гирифтааст. Тавре як манбаъ аз дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби пушти дарҳои маҳкам доир гардидани ин мулоқот ин аст, ки ҷониби Амрико намехоҳад, мақомоти Тоҷикистон пас аз дидор бо хонум Шинер болои ширкатҳои хусусии тиҷорӣ фишорҳо биёрад. Мукаррама Қаюмова, раиси бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии «Ҳафт пайкар», ки аз иштирокдорони мулоқот буд, чунин мегӯяд:

«Имрӯз бо хонум Шинер дар бобати маблағгузории ташкилоте, ки онҳоро занҳо роҳбарӣ мекунанд, сӯҳбат мекунам. Мо мехостем, ки як ёрдами амалии молиявӣ шавад, ки мо тавонем ҳар чӣ бештар занҳоро бо ҷойи кор таъмин намоем. Мо мехоҳем, ки бо кӯмаки молии Амрико дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон марказҳои ҳунарӣ боз намоем.»

Ҳамзамон, Мукаррама Қаюмова мегӯяд, мушкили адами як қонуни вижа оид ба ҳифзи асарҳои ҳунармандон ва имтиёзҳо барои онҳо, аз мавзӯи дигари мулоқот будааст. Вай гуфт, зимнан, як лоиҳаи ӯ бо номи «Қонунгузорӣ дар бораи ҳунармандон» аз ҷониби Созмони АвруОсиё дастгирӣ ёфта феълан барои муҳокима ба парлумони кишвар пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи хонум Қаюмова, дар Тоҷикистон таҳия ва қабули қонун дар бораи ҳифзи асарҳои ҳунармандон ва таъсиси пажӯҳишгоҳҳо барои омода кардани эҷодкорон ногузир аст ва ин амал бидуни дастгирии молии кишварҳои хориҷӣ имконнопазир аст.

Ва аммо Саид Раҷабов, раиси корхонаи истеҳсоли нӯшокии мавсум ба «Гули Кӯҳсор» мегӯяд, матлаби аслии сӯҳбати вай бо хонум Шинер, муовини котиби давлатии Амрико ин ҷалби сармояи амрикоӣ ба корхонаи «Гули кӯҳсор» буд:

«Мақсади асосии мо ин аст, ки як сармоягузори хуб пайдо кунем, ки фаъолияти корхонаи мо боз намонад. Дастгоҳҳои корхонаи мо, ки ҳанӯз аз соли 1956 боқӣ мондааст, кӯҳнаву фарсуда шудааст ва онҳоро бояд нав кард. Молҳои истеҳсолии мо дар бозори ватанӣ харидори худро доранд ва мо намехоҳем муштариёни худро аз даст диҳем.»

Дар нишасти мазкур 14 соҳибкор ва раҳбарони ширкатҳои хусусии тиҷории Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ҳар яке аз соҳибкорон ба мулоқоти Ҷозетт Шинер, муовини котиби давлатии Амрико оид ба иқтисод ва тиҷорат бо пешниҳоду дархостҳои худ ҳозир шудаанд.
XS
SM
MD
LG