Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кондолиза Райс: "Амрико қасд надорад, дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ таъсис бидиҳад"


Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон дошта, ки Амрико қасд надорад, дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Ин суханонро хонум Райс дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов- раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе изҳор доштааст. Вазири хориҷаи ИМА ва Талбак Назаров- вазири хориҷаи Тоҷикистон дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ аз густариши равобит миёни ин ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Хонум Райс гуфт, ки Амрико хостори баргузории интихоботи шафофу озод ва мунсифона дар кишварҳои минтақа аст ва яке аз аҳдофи сафари ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, даъвати мақомоти ин кишварҳо ба риояи арзишҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати баргузории интихобот аст. Хонум Райс гуфт, дар Тоҷикистон аҳзоби мухталифи сиёсӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла Ҳизби Исломӣ, ки ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар парлумон намоянда дорад. Хонум Райс гуфт, «Мо мехоҳем, ки номзадҳо ба таври машрӯъ дар интихобот ширкат кунанд. Интихобт бояд бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ доир шавад. Дар Қирғизистон интихобот дар муқоиса бо кишварҳои атроф озоду шаффоф баргузор гардид. Ҳоло Қазоқистонро назорат мекунем, ки дар ин кишвар ҷараёни ин маъракаи интихоботи раиси ҷумҳур чӣ гуна сурат мегирад. Ман ба раҳбарияти кишвари шумо низ ошкоро гуфтам, ки Амрико идомаи равобиташ бо кишварҳоро дар заминаи чигунагии баргузории интихобот дуруст хоҳад кард.» Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт, Амрико минбаъд низ кӯмакҳои фаннии худро барои тақвияти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон идома медиҳад. Вай гуфт, кӯмакҳои Амрико дар доираи ҳамкории низомии ин кишвар бо Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва дар роҳи мубориза бо терроризм мусоидат хоҳад кард. Талбак Назаров -вазири хориҷаи Тоҷикистон аз қавли раиси ҷумҳури ин кишвар гуфт, ки Тоҷикистон худро шарики Амрико дар мубориза бо тундгароӣ, терроризми байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон меҳисобад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG