Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Қуръон дар оинаи ҳунар»


Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазбур, ки бо ибтикори сафорат ва ройзании фарҳангии ҷумҳурии исломии Эрон баргузор гашт, намояндагони сафорат ва хушнависони ҷумҳурии исломии Эрон, намояндагони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва аҳли уламову донишҷуёни донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ ширкат доштанд.

Хушнависон ва хаттотони эронӣ дар ин намоишгоҳ беш аз 100 тоблу ва нигораҳои хаттотишудаи ояву сураҳои Қуръони Маҷид, китобҳо ва беш аз 20 CD-ии қироати Қуръонро ба намоиш гузоштанд. Амонулло Неъматзода, раиси шӯрои уламои Тоҷикистон, бо ишора аз ҳамкориҳои судманди маърифативу фарҳангии ахири миёни Тоҷикистон ва Эрон ва бо изҳори сипос аз сафорат ва ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон гуфт, чунин як намоишгоҳ метавонад, завқи ҷавонони тоҷикро ба хаттотӣ ва хушнависӣ бедор кунад.

Иброҳим Усмонов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба ин намоишгоҳ ва ҳунари хушнависӣ гуфт, хушнависӣ беҳтарин ҳунар аст ва пешниҳод кард, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон, бахусус дар Донишгоҳи Исломӣ бахшҳои хушнависӣ ва хаттотӣ таъсис шавад.

«Хатти ниёкони мо танҳо вазифаи хатро на, балки вазифаи гуфтугӯ ва рассомиро низ иҷро мекунад. Мо мехостем дар Тоҷикистон ҳам чунин мактаби хушнависӣ бошад ва пайравони зиёд дорад ин ҳунар дар Тоҷикистон. Онҳо ҳунари худро дар ин мактаб сайқал медоданд, хуб мешуд."

Саидмухтор ном донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи Исломӣ мегӯяд, вай машқи хушнависӣ мекунад, аммо бинобар набудани чунин як бахше дар донишгоҳ, мехоҳад дар Эрон ин ҳунарашро такмил диҳад.

«Ман ташаккур мегӯям ба дӯстони эронӣ барои чунин як намоишгоҳи хуб. Шахсан ман аз он хеле баҳра гирифтам ва омӯхтам.»

Комрони Кӯҳистонӣ, мударриси анҷумани хушнависони Эрон мегӯяд, агар ҷониби Тоҷикистон дар ташкили бахши хушнависон дар Донишгоҳи Исломӣ мехоҳад аз кӯмаки хушнависони эронӣ истифода кунад, вай омода аст, ба донишҷӯёни тоҷик дарси хушнависӣ ва хаттотӣ бидиҳад.

Яке аз иштирокдорони намоишгоҳи хушнависии Қуръон, Исмоили Пирмуҳаммадзода, имомхатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Ҳисор оид ба ҳунари хушнависӣ ва хаттотӣ ва аҳамияти баргузории чунин намошгоҳ барои ҷавонон, чунин ибрози назар кард.

"Агар Қуръон ҳар қадар ба тарзи фаҳмо ва зебо ба хонанда пешкаш шавад ва одам маънии аслии онро фаҳмад,дар вуҷудаш инқилобе ба по мешавад.
Мавлавӣ мегӯяд: Мо зи Қуръон мағзро бардоштем,
Ишрро бо дигарон бигзоштем."


Намоишгоҳ аз 13 то то 23 октябр идома хоҳад ёфт. Дар интиҳои намоишгоҳ, қарор аст, дар миёни донишҷӯёни Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон озмуни қироати Қуръон доир гардад.
XS
SM
MD
LG