Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия аз пойга афтод


Дар гурӯҳҳои дигар, Фаронса бо пирӯзӣ бар Қибрис (4:0), Шведсия бо ғалаба бар Хорватия (3:1) ба чемпионати ҷаҳон роҳ ёфтанд. Ва ғалабаи Сербия-Монтенегро бар Босния-Ҳерзегувин (1:0) ин дастаро ба ширкаткунандаи ояндаи сабқатҳои ҷаҳонӣ дар Олмони соли оянда табдил дод. Ин аввалин вохӯрии дастаҳои миллии кишварҳое буд, ки дар гузашта бо ҳам меҷангиданд. Ин буд, ки дар рафти бозӣ миёни ҳаводорони ду даста занозанӣ ба амал омад ва бар асари он 17 нафар захмӣ гашт.
То ҳол ба сурати умум ин дастаҳо ба бозиҳои футболи Ҷоми ҷаҳонӣ роҳхат гирифтанд. Инҳо:
- Олмон (ҳамчун мизбони бозиҳо)
- Англия
- Нидерлонд
- Португалия
- Аргентина
- Украина
- Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
- Бразил
- Эрон
- Ҷопон
- Арабистони Саъудӣ
- Кореяи Ҷанубӣ
- Фаронса
- Шведсия
- Мексик
- Коста Рика
- Сербия-Монтенегро

Мубориза барои охирин роҳхатҳо идома дорад.
XS
SM
MD
LG