Пайвандҳои дастрасӣ

Хотимаи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар UNESCO


Шоми сешанбе бо баргузории як консерти бошукӯҳ дар толори Гранд Операи Порис рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар UNESCO идораи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба поён расид. Дар ҳошияи ин рӯзҳои фарҳангӣ ҳайъати Тоҷикистон таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмонов бо раҳбарони ЮНЕСКО ва Фаронса як силсила мулоқотҳо низ анҷом дод.

Зимни ин сафар президенти Фаронса Жак Ширак ба ҳунармандони тоҷик Давлатманд Холов, Абдувалӣ Абдурашидов, Ҳақназар Аловатов ва Соҳиба Давлатшоева медолҳои фарҳангии кишварашро эъто кард. Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо Шариф Раҳимов дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Салими Аюбзод маъракаҳои анҷомшуда дар Порисро чунин натиҷагирӣ кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG