Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инъикоси дардҳои ҷавонони тоҷик дар матбуот


"Азиа Плюс" дар шумораи ахири худ аз ҳоли зори ятимхонаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик навиштааст. Ба навиштаи рӯзнома, ба ин ятимхона ба ҷуз 14 000 сомоние, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумат ҷудо мегардад, дигар ҳеҷ кӯмаке намерасад. Ин хонаи ятимон мактаби хусусии худро надорад ва кӯдакону наврасон маҷбуранд, дар мактаби деҳа таҳсил намоянд. Ятимон ҳамчунин аз набуди мутахассисони соҳаи тиб ва нақлиёт мушкилӣ мекашанд, зеро дар ҳоли беморӣ ва ё барои кӯдакон лозим шудани ёрии таъҷилӣ, онҳоро бояд ба беморхонаи маркази ноҳия, ки даҳ километр аз ятимхона дуртар воқеъ аст, расонанд, омадааст дар ин мақола.

Ҳафтаномаи Тоҷикистон низ ба мавзӯъи ятимон пардохта, зери унвони «Саробони ятимон кист» навиштааст, дар Тоҷикистон як қонун дар бораи сарпараст бояд амал кунад, то дигар ҳуқуқи ин кӯдакон аз ҷониби оилаҳои парасторашон помол нашавад ва ҳам онҳо ба ҳаёти солими оилавӣ баргардонида шаванд. Муалифи матлаб, профессор Очилбой Усмонов мегӯяд, сари ҳар қадам дидани чеҳраҳои маҳзуну кӯмакталаби кӯдакони оворагард ва гадо, ки аксарият ятиманд, ӯро ба навиштани ин матлаб водор кардааст.

Очилбой Усмонов навиштааст, ки сарпараст дар асоси шартнома метавонад, парастории як ятимро ба ӯҳда гирад ва ба онҳо давлат, ё ташкилотҳои ҷамъияти ёрии моддӣ расонанд:
«То ба балоғат расидан ӯро бояд нигоҳубин кунад, хӯронад, пӯшонад, маълумот диҳад. Агар дар ҳамин муддат нодуруст кор барад, шартномаро суд бекор мекунад.»

«Фоҳишаҳо чанд навъанд?» ин матлаб дар шумораи ахири нашрияи "Миллат" ба чоп расидааст. Муаллифи ин мақола навиштааст, ки имрӯз "маҳфили фоҳишаҳо" сернуфуз гаштаву, ҳарчӣ бештар занони соҳиби касбу кори гуногун ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро фаро мегирад. Имрӯз ибораҳои "фоҳишаҳои кучагӣ ", "дафтар ", "трассавикҳо" ё "фоҳиша-пешхизматҳо"-ро аз садову симо мешунавему дар рӯзномаҳо мехонем. Дар сафи аъзои ин маҳфил занони оддӣ, зиёӣ, донишҷуён, хонандагони мактабҳои таҳсилот ҳамагониро мебинем.

Муаллиф дар ин мақола танфурӯшонро ба 3 гурӯҳ тақсим карда, гурӯҳи аввалиро фоҳишаҳои кӯчагӣ ном мебарад, ин гурӯҳ бахти худро аз маршрутка, кӯча ва ё бозорҳо меҷӯянд. Гурӯҳи дуввум танфурӯшони трассавик ташкил медодаанд, ки онҳо рӯзу шаб канори роҳравҳо чун мусофирони интизори нақлиёт меистанд, аммо онҳо ба нақлиёти мусофирбар савор намешаванд, мошинҳои хориҷиро нигаҳ медоранд.

Танфурӯшони гурӯҳи саввум фоҳишагони дафтарӣ ё "офисный" ҳастанд. Онҳо дар корхонаҳои давлатӣ, ғайридавлат ва ниҳодҳои хориҷию байналмилалӣ ифои вазифа мекунанд. Ин зумра занон кордону зебо буда, бо атрофиён ва сардорон муносибати хуб доранд. Онҳо ҷавонӣ ва ҳусну малоҳати хешро ба бозӣ дароварда афроди серпули соҳибмансаби дар ҷомеъа мавқеъи баланддоштаро ба доми хеш мекашанд.

Давлат Мирак - муалифи мақолаи «Фоҳишаҳо чанд навъанд» мегӯяд, ӯ ин мақоларо бо мақсади даъват намудани аҳли ҷомеа ба тарбияи хуби фарзандону духтарон иншо намудааст: «Сабаби ҳамаи ҳаминҳо он аст, ки мо ҷавононро нодуруст тарбия мекунем. Мо аз таърих медонем, ки вақте ба шаҳрҳо лашкари душман ҳамла мекард, бисёри занону духтарон худро аз болои қалъа мепартофтанд, ки ба дасти душман наафтанду беномус нашаванд. Ин ҳам таъсири тарбия буд, ки то охирин лаҳза мубориза мебурданд, аз ҷони худ мегузаштанду беномус намешуданд. Пас имрӯз ҳам агар тарбияи дуруст ба роҳ монда шавад роҳи ин мушкилиро гирифтан метавон.»
XS
SM
MD
LG