Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи сафари Кондолиза Райс ба Тоҷикистон


Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Кондолиза Райс - вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафари нахустини худ ба Тоҷикистонро бо як дидор дар ҳалқаи маҳдуд бо президенти ин кишвар Эмомалӣ Раҳмонов шурӯъ хоҳад кард.
Игор Сатторов - раиси дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба ин гуфт: «Ба дунболи мулоқоти Кондолиза Райс бо Эмомалӣ Раҳмонов дар доираи маҳдуд, гуфтушуниди дуҷонибаи ҳайъатҳои Тоҷикистону Амрико сурат хоҳад гирифт. Баъдан нишасти хабарии муштараки Кондолиза Райс вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида бо ҳамтои тоҷикаш Талбак Назаров баргузор мешавад. Ва мувофиқи барнома хонум Райс аз яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе, шояд аз масҷиди марказии Ҳоҷи Яқуби Чархӣ дидан кунад."
Игор Сатторов хабари эҳтимоли мулоқоти Кондолиза Райс бо гурӯҳҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони аҳзоби ин кишвар таъйид накард.
Дар баёнияи матбуотие, ки сафорати Иёлоти Мутаҳида дар Тоҷикистон низ рӯзи чоршанбе нашр кард, гуфта мешавад, ҳадафи сафари Кондолиза Райс тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар роҳи суботу амнияти минтақа ва мубориза бо терроризм мебошад. Кондолиза Райс Тоҷикистонро дар шоми панҷшанбе тарк хоҳад кард.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG