Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон қиммати газро меафзояд


Ҷӯра Бобоев - мушовири вазири энержии Тоҷикистон гуфт, ширкати «Узтрансгаз»-и Ӯзбакистон унвонии корхонаи «Тоҷикгаз» як огоҳнома ирсол дошта ва гуфтааст, шурӯъ аз якуми январи соли 2006 қимати гази табииро якуним баробар меафзояд.
Мушовири вазири энержии Тоҷикистон афзуд, ҳукумати Узбакистон ба Тоҷикистон гуфтааст, бинобар зиёд шудани хароҷот дар истихроҷу интиқоли газ, нархи онро аз 42 доллар ба 55 доллар боло хоҳад бурд.
Аммо Узбакистон на танҳо қиммати газ, балки қиммати нерӯи барқи содиротӣ ва ҳаққи транзити нерӯи барқ таввасути он кишвар ба Тоҷикистонро афзоиш додааст.
Ҷӯра Бобоев гуфт, бо ин ки Ӯзбакистон барои интиқоли тронзитии барқ аз қаламрави худ пардохти маблағи зиёд тақозо кардааст, Тоҷикистон ҳанӯз натавонистааст, масъалаи харидории нерӯи барқ аз Қазоқистон дар мавсими сарморо ҳал кунад: "Онҳо гуфтанд, нархи як киловатт соат барқе, ки мо содир мекунем, ба 3 сенти амрикоӣ баробар аст. Ҳоло мутахассисони мо ҷиҳати муҳокимаи ин масъала ба Ӯзбекистон рафтаанд, аммо онҳо мегӯянд, ки аввал пулро пардохт кунед, баъд барқу газ мегиред. Ин нархгузориҳои онҳо аз нархҳои ҳозираи мо 4-5 маротиба зиёд аст."
Оқои Бобоев инчунин гуфт, ҳанӯз масъалаи дар фасли сармо таъмин намудани корхонаи алюминиуми Тоҷикистон бо нерӯи барқ ҳалли худро наёфтааст. Ба қавли ӯ, ҳарчанд Қирғизистон барои корхонаи алюминиум, як миллиард киловат соат нерӯи барқ содир хоҳад кард, аммо, корхона ба ҳамин миқдори дигар нерӯи барқ ниёз хоҳад дошт. Тоҷикистон, аслан газро аз Узбакистон харидорӣ мекунад ва гузашта аз ин дар мавсими сармо қодир ба таъмини пурраи худ бо нерӯи барқ нест.
Мақомоти Тоҷикистон дар фасли сармо интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳои мардумро маҳдуд мекунад, то корхонаи алюминиум, яке аз сарчашмаҳои аслии даромади ин кишварро пурра бо нерӯи барқ таъмин намояд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG