Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз сарнавишти сӣ зиндонии тоҷик


Як гурӯҳ аз хешовандони зиндониёни маҳбаси Қӯрғонтеппа, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон бо баргузории як нишасти матбуотӣ аз нопадид шудани беш аз сӣ маҳкумшуда аз ин зиндон хабар доданд. Ба гуфтаи пайвандони он маҳбусон, дар моҳи августи соли ҷорӣ миёни зиндониён ва маъмурияти маҳбаси Қӯрғонтеппа ошӯб рух додааст ва мақомот барои пахши он аз нирӯи низомӣ истифода бурдаанд.
Бародари як нафар маҳбус, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, иллати аслии ошӯб дар зиндон бадрафтории маъмурияти зиндон бо муҷримин будааст. Ба гуфтаи ҳамин нафар, баъди пахши ошӯб сивучаҳор маҳбус аз зиндони Қӯрғонтеппа ба кадоме аз маҳбасҳои пойтахт мунтақил шудаанд, вале мақомоти интизомии кишвар то кунун макони боздошти онҳоро пинҳон дошта ва низ иҷозаи дидор бо маҳкумшудаҳоро надодаанд.
Ҳамин манбаъ гуфт, ки аз ин теъдод се нафар бар асари зарбу шат ҷони худро дар зиндон аз даст додааст.
Аммо Баҳром Абдулҳақов - муовини сардори умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон хабари нопадид шудани маҳбусонро такзиб карда, гуфт, онҳо ҳоло дар маҳбаси шумораи аввали Душанбе нигаҳ дошта мешаванд.
Оқои Абдулҳақов таъкид кард, ки шароит барои дидор бо маҳбусон дар Душанбе ва дар Қӯрғонтеппа як аст ва касе ҳақ надорад, қойидаи маъмулро нақз кунад.
Вай афзуд, маҳбусони ошӯбгар, ки аз Қӯрғонтеппа ба Душанбе интиқол дода шуданд, низом ва қойидаро дар маҳбас риоят накарданд. Ва аммо пайвандони маҳбусони зиндони Қӯрғонтеппа дар интиҳои нишасти хабарӣ аз созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои муқим дар Душанбе дархост кардаанд, то дар ҳалли қазияи пешомада мусоидат кунанд. Ба гуфтаи ин афрод, талошҳои мукаррари онҳо барои дидор ва мулоқот бо наздикони маҳбуси худ аз сӯи мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бенатиҷа анҷомидааст.
Абдуқайюми Қайюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG