Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёни кунди имдодрасонӣ дар Покистон


Талошҳои имдодрасонӣ ба мардуми осебдида аз заминларзаи рӯзи шанбе дар Покистон имрӯз идома кард, аммо ба аҳолии осебдидаи манотиқи дурдасти кӯҳии кишвар бинобар масдуд будани роҳҳо ва норасоии чархболҳо кӯмаки кофӣ нарасидааст.
Боришоти шадид ва ҳавои номусоид боз ҳам ҷараёни корҳои имдодрасониро кунд кардааст, аз ҷумла парвози чархболҳои маъмурони имдодӣ ва чархболи нахуствазири Покистонро, ки ҳадафи таҳқиқи манотиқи дурдастро доштааст, имконнопазир кардааст.
Зиёуддин - хабарнигори нашрияи "Dawn"- и Покистон зимни тасвири шаҳри Музаффаробод - маркази аёлати Кашмири таҳти контроли Ҳинд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳам афроди зиёди маҷрӯҳ ба чамш мерасанд, ҷасади бисёре дар Музаффаробод мушоҳида мешавад.
Мақомоти Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, барои расонидани маводи ғизоӣ, доруворӣ ва хаймаҳо ба миллион нафар осебдида, чархболҳои бисёре зарур аст. Ҳукумати Покистон иброз дошт, шумори қурбониёни зилзилаи рӯзи шанбе, ки 7,6 дараҷа тибқи ҷадвали Рихтер буд, ба 23 ҳазор нафар расидааст. Дар Ҳиндустон, ки заминларза онро низ такон дода буд, ҳудуди 1 300 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG