Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо доир ба сарбанди обанбори Роғун


Леош Томичек - роҳбари лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфт, дар шӯрои машваратии сохтмони ин нерӯгоҳ, ҳанӯз ҳеҷ яке аз аз тарҳҳои пешниҳодшуда оид ба сохтмони сарбанди обанбори Роғун, қабул нашудааст. Вай гуфт, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, сарбанди обанбори мазкур мутобиқи лоиҳаи солҳои 70-уми асри гузашта аз сангу гил ва бетон сохта шавад, аммо ин лоиҳа кӯҳна шудааст ва масрафоту вақти зиёдро талаб мекунад ва ҳамчунин ба талаботи вақт ҷавобгӯ нест:

"Мо бояд чандин бор машварат кунем, то тавониста бошем як лоиҳаи беҳтаринро интихоб кунем. Барои ширкати "РусаАл" (сармоягузори сохтмони нерӯгоҳ) муҳим он аст, ки обанбори Роғун аз ҳама ҷиҳат ба талаботи вақт мутобиқ ва ба иқлиму ҳавои Тоҷикистон тобовар бошад."

Дар ҳамин ҳол, Виталий Адушкин профессори рус бо ишора ба шароити табиӣ ва иқлиму ҳавои Тоҷикистон гуфт, сарбанди обанбори Роғун бояд аз сементи холис сохта шавад. Вай афзуд: "Мо бояд лоиҳаеро қабул кунем, ки тибқи он обанбор бо вақту масрафи кам, вале бехатару қавӣ сохта шавад. Зеро таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон додааст, ки кулли садамаҳо дар обанборҳои кишварҳои ҷаҳон, бар асари саҳланкорона сохта шудани онҳо, сар мезананд."

Шӯрои машваратии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба хулоса омаданд, ки мавзӯи қабули лоиҳаи сохтмони обанбори Роғун дар нишасти оянда баррасӣ шавад. Нерӯгоҳи Роғун дар сурати мавриди пурра мавриди баҳрабардоӣ қарор гирифтан, бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ ва қодир ба тавлиди 2, 7 миллиард киловат соат нерӯи барқ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG