Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони созмони Шанхай


Таъсиси консорсиуми минтақавии обию барқӣ миёни кишварҳои узви созмони Шанхай, таъсиси бунёди рушд ва ташкили як шӯро ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодии ин кишварҳо аз мавзӯҳои аслии нишасти вазирони иқтисодии 6 кишвари узви созмони Шанхай буд. Аммо пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Консорсиуми обу барқ таввасути Чин ва Узбакистон рад шуд, чаро ки онҳо гуфтанд, барои таъсиси чунин консорсиум созишномаҳои дуҷониба кифоя аст.
Муовини вазири иқтисоди берунаи Узбакистон гуфт, кишвараш тарафдори мавқеи Чин аст, ки расидагии муфассал ба ин масъала ва имзои созишномаҳои дутарафаро ҷонибдорӣ мекунад. Вале Ҳаким Солиев - вазири иқтисоди Тоҷикистон зарурати таъсиси ин консорсиумро муҳим арзёбӣ намуд. Вай гуфт «Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, барои рушди иқтисоди Тоҷикистон муфид хоҳад буд ва Тоҷикистон бояд имконот ва захоири худро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад».
Дар нишаст ҳамчунин пешниҳоди Чин доир ба таъсиси саҳифаи интернетии созмони Шонҳой, бенатиҷа монд. Вазирони кишварҳои узв ҳамчунин дар масъалаи таъсиси Бунёди рушди кишварҳои узви созмони Шонҳой тавофуқ карданд. Вазири иқтисоди Тоҷикистон Ҳаким Солиев гуфт, эҳтимолан ин бунёд авоили соли оянда ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG