Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як гурӯҳи муттаҳам дар ифротгароӣ


Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд рӯзи 11- уми октябр изҳор дошт, додситонӣ як гурӯҳи 7 нафариро бо иттиҳоми робита бо Ҷунбиши исломии Узбакистон ва тарҳрезии амалиёти тахрибкорона дар минтақаи шимолии Тоҷикистон боздошт кардааст.
Ба гуфтаи Абдуғаффор Қаландаров, боздошти ин афрод аз як моҳи қабл то кунун аз сӯи кормандони мақомоти интизомиву амниятии Суғд сурат гирифта, як тан аз онҳо шаҳрванди Русия мебошад.
Вай афзуд: «Ҳамаи ин 7 нафаре, ки боздошт шудаанд, ба Ҳаракати Исломии Узбакистон алоқаманд мебошанд. Ва роҳбари бевоситаи ин гурӯҳ шаҳрванди Узбакистон Ҷумъабой Ҳоҷиев мебошад, як намояндаи собиқи Ҷумъаи Намангонӣ (сарвари пешини Ҳаракати Исломии Узбакистон) мебошад. Ин нафар дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо шиносномаи Тоҷикистон ба сар мебурд, аммо вақти шурӯъи амалиёти ҷустуҷӯӣ аз маҳали зисти худ ҳамроҳи аҳли байташ фирор кардааст. Ҳоло нисбати як корманди умури дохилаи Исфара, ки ба ин нафари тундгаро шиносномаҳои тоҷикии дохиливу хориҷӣ дода, ӯро сабти ном кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаем.»
Ба иттилоъи додситонии Суғд, зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ аз манзили аъзои гурӯҳи боздоштшуда як дона силоҳи Калашников бо 30 дона тир, васоити мухобироти моҳвораӣ, адабиёт ва кассетаҳои омӯзиши амалиёти тахрибкориву даҳшатафканӣ, харитаҳои дақиқи кӯҳистони Тоҷикистон дарёфт шудааст.
Абдуғаффор Қаландаров - додситони Суғд афзуд: «Як ифротгар аз ин гурӯҳ ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки мақсади онҳо ба роҳ мондани амалиёти харобкориву вайронкунӣ дар ҳудуди қаламрави Суғд мебошад. Аммо онҳо нагуфтанд, ки мақсади гузаронидани чунин амалиётҳо дар қаламрави Узбакистонро ҳам доранд.»
Сарварии гурӯҳро ба иттилоъи додситонии вилоят, як журналисти маҳаллӣ бар ӯҳда доштааст. Ҳамин манбаъ гуфт, иддае аз аъзои ин гурӯҳ гуфтаанд, ки дар миёнаҳои солҳои 1990 дар хориҷ аз Тоҷикистон давраҳои омӯзиши амалиётҳои тахрибкориро паси сар гузоштаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG