Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нави вазорати умури изтирорӣ


Носирҷон Маъмурзода

Вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон як барномаи вижа дар мавриди кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои офатзада ва номувофиқ барои зист ба маҳалҳои бехавфро қабул кардааст. Ҷамила Тиллоева, суханугӯи вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби ин барнома дар панҷ соли оянда бунёд ва ба истифода додани 960 манзили нав дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон барои сокинони мавзеъҳои офатзада дар назар аст.
Хонум Тиллоева афзуд, ҳукумати кишвар ҷиҳати сохтмони манзилҳои нав барои хоҷагиҳое, ки бояд кӯчонида шаванд, қарзҳои боимтиёз хоҳад дод ва манзилҳо бояд бо ҷалби нерӯи худи хоҷагиҳо сохта шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи хонум Тиллоева, дар соли равон ҳаҷми зарари аз офатҳои табиӣ расида беш аз 200 миллион сомонӣ, баробар бо 65 миллион долларро ташкил додааст ва бар асари ин ҳаводис, 47 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Вай мегӯяд, хисороти аз ҳама зиёд дар соли равон ба аҳолии ноҳияи Ҳамадонӣ расидааст, ки бар асари офатҳои табии моҳи июл ҳудуди 4 ҳазору 700 манзили зист хароб ва зиёда аз 11-уним ҳазор нафар бе ҷойи зист мондаанд.
Ҳамзамон бино ба иттилоъи Созмони Милали Муттаҳид, дар панҷ соли ахир ҳаҷми хисороти ворида бар асари фалокатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба 202 миллион доллари амрикоӣ баробар дониста мешавад. Созмони мазкур гуфтааст, дар ин панҷ сол беш аз 110 ҳазор нафар бемакон гардида, 37 ҳазор иншоот тахриб шудааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG