Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдоварии Иттиҳодияи Аврупо аз иқдоми Тоҷикистон


Иттиҳодияи Аврупо дар рӯзи ҷаҳонии барҳам задани ҳукми қатл, ки ба 10-уми октябр муқаррар шудааст, аз иқдоми Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷазои ҳукми қатл дар қаламравҳои худро лағв намуданд, дубора истиқбол кардааст.
Ин созмон ҳамчунин ба қарори ҳукумати Узбакистон, ки мехоҳад, ҳукми қатлро соли 2008 дар ин кишвар лағв кунад, ишора намуда, ҳамзамон ин кишварро ба мутавақиф кардани иҷрои ҳукми олӣ даъват намудааст.
Ҷек Стро вазири умури хориҷаи Бритониё, ки кишвараш раҳбари феълии Иттиҳодияи Аврупост, гуфтааст, ин иттиҳодия аз он хушнуд аст, ки шумори кишварҳое, ки шаҳрвандони худро қатл мекарданд, коҳиш ёфтааст ва шумори иҷрои ҳукми қатл дар ҷаҳон низ.
Дар ин замина Ҷек Стро Тоҷикистону Қирғизистонро ном бурдааст, аз раво дидани ҳукми қатл дар қаламравҳои худ даст кашиданд. Тоҷикистон соли гузашта нахуст иҷрои ҳукми қатл дар кишварро мутавақиф ва баъдан онро аз байн бурд. Ҳамакнун ба ҷои ҳукми қатл дар Тоҷикистон 25 соли ҳабс муқаррар шудааст.
Тоҳири Сафар, Прага
XS
SM
MD
LG