Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллои сафед


«Азия - Плюс» навиштааст, тӯли 14 соли истиқлол мақомот аз нақшаи 600.000 тонна пахта ҳарф мезанаду вале боре ҳам ин нақша иҷро нашудааст. Ба навиштаи «АП», иллати аслии ин, истифодаи ғайриҳадафи замин будааст. Маводи кимиёӣ, сӯзишворӣ, техника намерасад. Обёрии заминҳо пахтаи киштшударо қонеъ намесозад.

«Бизнес и Политика» дар ин мавзӯъ илова кардааст, 15 - 17 дирам ҳаққуззаҳма барои чидани як кило пахта сафи пахтачинҳоро коҳиш медиҳад. Ҳадди ақал, 30 - 35 дирам бояд дод, таклиф дорад як масъули давлатӣ дар матлаби «Б.& П.» Нашрия ба мушкилоти корхонаҳои пахтатозакунӣ рӯ оварда навиштааст, пас аз хусусигардонӣ фаъолияти ин корхонаҳо фалаҷ ва мушкилоташон бештар шудааст. Нашрия хулоса кардааст, ки бо иллати мушкилоти зиёде буҷаи Тоҷикистон дар сол садҳо миллион долларро аз фурӯши пахта аз даст медиҳад.

«Народная Газета» аз маросими ифтитоҳи як корхонаи ҷадиди пахтатозакунӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон гузориш чоп кардааст, ки дар маросими кушодашавии он Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ширкат доштааст. Хабар ҳокӣ аз соҳиби ҷои кор шудани 400 нафар дар ин корхона будааст.

Тибқи ҷадвали ҷамъоварии пахта, ки «Ҷумҳурият» нашр кардааст, то 5-уми октябр дар Тоҷикистон 40, 3 дарсади нақша иҷро шудааст.

Хабари дигаре ҳокӣ аз иҷрои тақрибан 70 дар сади корҳо дар нақби Анзоб аст. Ношири он, «Бизнес и Политика» аз забони сармуҳандиси сохтмон овардааст, ки бо иллати заъфи фаннӣ ва сифати пасти маводи мунфаҷира раванди кор дар бунёди роҳи мошингузар тариқи ағбаи Анзоб сусттар шудааст. Барои ин иншоот, ширкати иронии «Собир Интернэшнл» беш аз 30 миллион $ ва ҷониби Тоҷикистон тақрибан 8 млн. $ ҷудо кардааст.

«Вечерка» сокинони Душанберо аз тақвими имсолаи газ огаҳ кардааст. Тибқи хабари ин нашрия, дар зимистон субҳу шом чаҳор соатӣ дар хонаҳои мардум газ хоҳад сӯхт. Вале корхонаи давлатии «Тоҷикгаз» гуфтааст, захираи ин сӯзишвории кабудоташ танҳо то охири сол мерасад. Дар ҳоли ҳозир, «Тоҷикгаз» бо Узбакистон ҷиҳати харидории гази табиӣ ба маблағи яку ним миллон $ гуфтушунидҳое доштааст.
XS
SM
MD
LG