Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Покистон пешниҳоди кӯмак дорад


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои зарардидагони зилзилаи Покистон пешниҳоди кӯмак кардааст. Ҷӯра Инъомзода, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон зимни мулоқот бо хабарнигорон гуфт, як ҳайати пизишкӣ дар ҳоли ҳозир омодаи сафар ба Покистон аст. Ӯ гуфт, бо вуҷуди он ки имконоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин замина андак аст, аммо аз дар доираи тавони худ иқдом хоҳад кард.

Ба гуфтаи масъулини Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, ин ҷамъият имконот барои кӯмаки осебдидагонро аслан тавассути барномаҳои байналмилалӣ, хусусан барномаи ЭКО дарёфт мекунад, вале қарор аст, ин барнома аз соли 2007 фаъолияти худро қатъ созад. Ва дар маҷмӯъ, барномаи дарёфти кӯмакҳои билоиваз низ қатъ мешавад ва бояд ба иҷрои барномаи дигари дарёфти воситаҳо пардохт.

Ба ин хотир, ба гуфтаи Ҷӯра Инъомзода, Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар садад аст, барномаи ҷалби кӯмаккунандагони дохилиро барои сармоягузории барномаҳои Ҳилоли Аҳмар таҳия кунад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи масъулини ҷамъияти ҲА ашхос ва муассисаҳои дохилӣ ба муосидат барои иҷрои барномаҳои ҲА одат накардаанд ва бояд аввал аз ҳама афкори ҷомеаро дар ин замина омода кард, ки кӯмак ба ҲА - ро як амри воҷиб бидонанд.
XS
SM
MD
LG