Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шикваи рӯзноманигори зиндонии тоҷик дар Додгоҳи Олӣ


Коллегияи Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба баррасии шикваи Ҷумъабой Толибов, рӯзноманигори зиндонии Тоҷикистон шурӯъ кард. Ҷумъабой Толибов, нахустин журналисти тоҷик аст, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст. Дар авохири моҳи июл, додгоҳи ноҳияи Шаҳристон узви иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ва масъули бахши ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ, Ҷумъабой Толибовро бо иттиҳоми авбошӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил барои ду сол равонаи зиндон карда буд. Аммо Ҷумъабой Толибов ҷараёни расидагӣ ба парвандаи худро ноодилона ҳисобида гуфта буд, боздошт ва маҳкумияти ӯ дар пайи чанд матлаби танқидии нашркардааш дар бораи додситонии ноҳия сурат гирифтааст. Интизор меравад, баъд аз нисфирӯз коллегияи Додгоҳи Олӣ тасмими худро дар мавриди қазияи Ҷумъабой Толибов эълом дорад.
XS
SM
MD
LG