Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки ҷавонони тоҷик ба осебдидагони зилзилаи Покистон


Донишҷӯи Донишгоҳи исломии Исломобод Рамзуллоҳи Раҳмуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар донишгоҳи онҳо бо даъвати яке аз ҳамсабақонашон муҳассилин мутобиқ ба қудрати худ ба осебдидагони зилзилаи Покистон кӯмак кардаанд.

Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ман шоҳиди айнӣ будам, ки чӣ гуна ҷавонони тоҷик ва ҷавонони малайзӣ, индонезӣ, африқоӣ ва покистонӣ дар ҳамин кор саҳми худро гузоштанд. Баъзеҳо пул доданд ва бархе либос, ки бесарпаноҳмондагон ба он ниёз доранд. Ашё ва маводи лозимаро ба мошинҳо бор карданд, то ки ба манотиқи офатзада интиқол бидиҳанд. "

Рамзуллоҳ қисса кард, ки чӣ гуна рӯзи шанбе вақти дарс замин такон хурд ва бисёр сахт. Ба гуфтаи вай тамоми донишҷӯён аз синфхонаҳо берун шуданд ва он рӯзро садорати донишгоҳ рӯзи таътил эълон кард. Рамзуллоҳ Раҳмуллоҳ ҳамчунин гуфт, мардуми Покистон заминларзаро як фоҷиаи бисёр ғамангез ҳисоб мекунанд, ба хотири он ки ин фалокат нахустин офати табии сахт ва пурқурбонӣ будааст, ки дар тӯли таърихи Покистон ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG