Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Регар" ва бурди "Вахш"


«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, яке аз муддаиёни унвони қаҳрамони футболи ин кишвар дар меҳмонӣ бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Голро Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи дувоздаҳуми бозӣ ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин голи даҳуми ҳамлагари «Вахш» маҳсуб мешавад ва ӯ дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот мақоми аввалро ишғол мекунад.

Вале дар даври сипаришуда «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, муддаии дигари медалҳои тиллои мусобиқот дар шаҳри Хуҷанд аз дастаи «Хуҷанд» бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. Голро ҳамлагар Ҷомихон Муҳиддинов ба дарвозаи тими меҳмон зад.

Дастаи «Парвоз», муддаии аслии медали биринҷии мусобиқот бо 27 имтиёз дар зинаи севвум ҷой гирифтааст. Ин даста дар даври сипаришуда бидуни бозӣ соҳиби се имтиёз гардид. Зеро ки ҳарифаш - дастаи «Равшан» барои напардохтани аъзоҳаққӣ барои рақобат роҳ дода нашуд. Ва боз як дидори даври чордаҳуми мусобиқот байни тими мизбон - «Данғара» ва дастаи ХИМА бо ғалабаи душанбегиҳо бо натиҷаи 4 бар 1 хотима ёфт.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 10 октябр


1. «Вахш» 37 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 32 имтиёз
3. «Парвоз» 27 имтиёз
4. «Хуҷанд» 21 имтиёз
5. «Равшан» 17 имтиёз
6. CSKA 16 имтиёз
7. ХИМА 16 имтиёз
8. СКА «Помир» 13 имтиёз
9. «Саройкамар» 8 имтиёз
10. «Данғара» 7 имтиёз

CSKA ва "Саройкамар" ҳарду 13 бозӣ кардаанд. Дигар дастаҳо 14 бозӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG