Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмонов ва Кубиш дар Порис


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар Порис бо сафири махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Ян Кубиш мулоқот кард. Дар ин нишаст вазъи рушди демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳои минтақавӣ дар роҳи амният баррасӣ шуданд. Кубиш баъд аз мулоқот ба хабарнигорон гуфт, аз гуфтугӯ бо президент Раҳмонов розист ва ба ояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо хушбин мебошад. Вай ҳамчунин равандҳои таҳкими сулҳ ва рушди сиёсию иқтисодӣ дар Тоҷикистонро мусбат арзишёбӣ карда, гуфт ҳам ба дурнамои ҳамкориҳои дутарафа ва ҳам рушди демократӣ дар Тоҷикистон хушбин аст. Ҷаноби Кубиш аз зикри мушаххаси нукоти сӯҳбаташ бо президент Раҳмонов худдорӣ кард.
Ин дуюмин мулоқоти Кубиш бо Раҳмонов аст, дар мақоми сафири махсуси Иттиҳоди Аврупо. Мулоқоти аввал, як моҳ пеш, 7-уми сентябр дар шаҳри Душанбе ба амал омада буд.
Кубиш дар солҳои 1998-99 нақши намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Тоҷикистонро иҷро кардааст.
Хиромони Бақозода, шаҳри Порис
XS
SM
MD
LG