Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар дар заминларза


Генерал Ҷон Муҳаммад Хон, муовини мудири маркази миллии заминшиносии Покистон гуфт, шумори қурбониҳои заминларзаи шадиди рӯзи шанбе дар ин кишвар метавонад бар 40 000 нафар булуғ кунад.
Вай дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Афғонистони Озод гуфт: "Шумори дақиқи қурбониҳо ҳанӯз маълум нест, чунки бисёре аз рустоҳо дурафтода ҳастанд ва роҳҳо масдуданд. Ҳанӯз бисёре аз фаъолиятҳои лозим анҷом наёфтааст. Аз ин рӯ барои шумориши дақиқи теъдоди қурбониҳо каме фурсати дигар лозим аст. Ман фикр мекунам, шуморе каме бештар ё камтар аз 40 000, аммо дар ҳудуди 40 000 нафар кушта шудаанд."
Пештар Тариқ Муҳаммад, вазири мухобироти Кашмири таҳти контроли Покистон дар сӯҳбат бо хабаргузории "Асошиейтед Пресс" шумори кушташудагон танҳо дар ин вилоятро 30 000 гуфта буд. Ин дар ҳолест, ки мақомот расман то кунун ҳалокати беш аз 19 000 ва маҷрӯҳияти 42 000 нафарро таъйид мекунад.
Аммо вазири умури дохилаи Покистон Офтоб Шерпай вазъро ваҳшатбор номида гуфтааст, шумори қурбониҳои зилзила соат ба соат хоҳад афзуд. Дар Покистон ба хотири қурбониёни ин офат се рӯзи мотами миллӣ эълон шуда ва раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф имрӯз гуфт, мардумаш ба як офати сахте рӯбарӯ мондааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳиндустон дар бораи ҳалокати ҳудуди 360 ва маҷрӯҳияти 850 нафар дар аёлати Ҷамму ва Кашмир ва Афғонистон дар бораи кушта шудани дасти кам 1 нафар дар натиҷаи ин заминларза гузориш додаанд.
Маркази зилзила таври маълум дар 95-километрии шимолу шарқи Исломобод дар минтақаи баҳсии Кашмир воқеъ буд ва бештари қурбониҳо низ аҳли Кашмир будаанд. Феълан талошҳои байналмилалӣ ба манзури расонидани ёриву кӯмак ба осебдидагони ин зилзила шурӯъ шудааст.
Раисиҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф имрӯз аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват кард, ёрии худро аз ҳазорон нафари мӯҳтоҷ дар Покистон дареғ надоранд.
Дар байни кишварҳо ва созмонҳое, ки алакай барои ироаи кӯмакҳо ба мардуми осебдидаи Покистону Ҳинду Афғонистон изҳори омодагӣ кардаанд, метавон Амрикову Русияву Чин, Ҷопону Туркия ва Иттиҳоди Аврупоро ном гирифт. Ва раиси Бонки Ҷаҳонӣ Пол Волфовитз дар Ҷопон гуфт, ки ин бонк барои осебдидагони зилзила 20 милён доллар ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG