Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашф ва мусодираи беш аз 220 кило героин


Маъсуми Мухаммадраҷаб

Кормандони раёсати умури дохилӣ дар умури нақлиёт дар вилояти Суғд дар ду шабонарӯзи ахир дар шаҳри Хуҷанд 227 килограмм героинро кашф ва мусодира карданд. Милисаи нақлиётӣ мегӯяд, ин миқдор героин дар ду навбат дар шаби ҷумъа ба шанбе 127 килограмм ва рӯзе панҷшанбе 100 килорамм аз гардиши ғайриқонунӣ боздошта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, чунин миқдори бузурги героин аз махфигоҳи мошинҳои "КамАЗ" дарёфт гардида, ронандаҳои онҳо боздошт шудаанд. Ин манбаъ афзуд, ки қочоқгарон героинро дар бастаҳои селофанӣ дар махфигоҳи нақлиёт аз қисмати ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғд интиқол додаанд.
Соли ҷорӣ ин бори аввал аст, ки аз сӯи ниҳодҳои зирабт чунин миқдори бузурги маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз дасти қочоқкунандагон кашф ва мусодира шудааст.
Маъсуми Мухаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG