Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Кондолиза Райс ба сафари Осиёи Марказӣ


Силсиласафари чоррӯзаи вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи душанбеи 10 октябр бо дидори Қирғизистон шурӯъ мешавад. Қарор аст, хонум Райс дар ҷараёни ин сафараш аз Қазоқистону Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам дидан кунад.

Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Аврупо ва АвроОсиё Дениел Фрид дар Вошингтон гуфт, Кондолиза Райс бо мақомоти ин кишварҳо мавзӯъоти мубориза бо террор, муқобила бо тундравии исломӣ ва ҳамчунин масоили ҳуқуқи башар ва иқтисодӣ, аз ҷумла масоили марбут ба энержӣ ва рушди он 4 кишварро баррасӣ хоҳад кард. Дениел Фрид гуфт, Амрико мехоҳад бо анҷоми ин сафар равобиташ бо ин 4 кишварро дар 3 соҳаи амният, иқтисод ва сиёсат таҳким бахшад. Аммо ба ақидаи Фрид, ин ҳама танҳо дар сурати пешбурди ислоҳоти демократӣ дар минтақа мумкин хоҳад шуд.

Дениел Фрид гуфт, Амрико Осиёи Марказиро саҳнаи сиёсати ба истилоҳ "бозии бузург" намешуморад ва манофеъаш дар ин минтақа ба сурати умум бо манофеъи Русия яксон аст. Оқои Фрид аз ҷумла аз муштаракоте байни Маскаву Вошингтон дар мавриди масоили мубориза бо терроризму ифротгароии мазҳабӣ ва қочоқи маводи мухаддир ёдовар шуд. Аммо афзуд, ки барномаи Маскав дар бобати тавсиъаи демократия дар Осиёи Марказӣ ба гунаи барномаи Амрико муҳкаму муассир нест.

Дидори Узбакистон дар ин барномаи сафари вазири хориҷаи Амрико ворид нашудааст.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG