Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табобати пулакӣ: Бошад ё на?


Ӯктам Бобохоҷаев, раиси идораи ташкили хидматрасонии тиббии вазорати тандурустӣ бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ин қарори вазорат дар пайи супориши ахири раиси ҷумҳур дар мавриди танзими дубораи хизматрасонии пулакии тиббӣ сурат гирифтааст:

"Баъд аз он ки мутахассисони соҳа, роҳбарони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ нархномаҳои хизматрасонии пулакии тиббиро таҳия намуданд, ҳоло мо имконият пайдо кардем, ки аз рӯйи ҳамон нархномаҳо нархҳои миёнаро мӯайян созем. То таҳия кардани нархномаҳои ҳар як муассиса мо нархҳои миёнаро намедонистем ва наметавонистем таҳия карда. То 1-уми декабри соли ҷорӣ хизматрасонии тиббӣ барои мардум ройгон аз буҷаи кишвар таъмин мешавад."

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Алиев, мудири маркази ҷумҳуриявии эҳёи шунавоӣ, овоз ва нутқ, бо таъкиди номуваффақии барномаи табобати пулакӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз имконият ва шароит барои гузаштан ба хизматрасонии пулакии тиббӣ фароҳам нест. Ба гуфтаи ҷаноби Алиев, ҳукумат дуруст кардааст, ки низоми табобати пулакиро боздоштааст, зеро ҳар як муассисаи тиббӣ нархномаҳои муолиҷаро худсарона муқаррар кардааст, ки ин на ба нафъи мардум аст. Вай гуфт, вазорати тандурустӣ қабл аз ҷорӣ намудани низоми табобати пулакӣ, нахуст бояд нархномаи якгуна ва умумии табобатро дар кулли дармонгоҳҳои кишвар муайян мекард:

"Кишвари мо аз лиҳози иқтисодӣ комилан мустақил набуда, дараҷаи некӯаҳволии мардум дар зинаҳои поин қарор дорад. Аз ин рӯ, феълан, аҳолӣ шароит надорад, ки ҳатто қимати муолиҷаи оддитаринро пардохт намояд. Дар кишвари мо агар маоши ҳадди ақал 12 сомониро ташкил диҳад, ҳангоми ба дармонгоҳ муроҷиат намудани бемор ба вай лозим меояд, то 3-4 маоши ҳадди ақалро барои табобат супорад. Ҳар як хонавонаи тоҷик дастикам аз 5-6 нафар иборат аст ва на ҳама имкони бо ин нархномаҳои хизматрасонии тиббӣ гирифтани муолиҷаро доранд. Ҳамзамон, табибон ҳам дастнигари бемор шудаанд, зеро онҳо маоши ночиз доранд. Агар ба пизишкон мисли замони Шӯравӣ музди меҳнати дуруст медоданд, мо ҳеҷ гоҳ аз беморон маблағ талаб намекардем."

Ва аммо Соҳибназар Раҳмонов, сарпизишки маркази бемориҳои қалби Тоҷикистон мегӯяд, ҷорӣ намудани табобати пулакӣ дар муассисаҳои тиббӣ талаби замон аст ва дар ҳоле, ки низоми хизматрасонии пулакии тиббӣ дубора барқарор нашавад, тамаъ ва ришват дар байни пизишкон метавонад бештар гардад:

"Ҳарчанд ба таври расмӣ то 1-уми август хизматрасонии тиббӣ пулакӣ набуд, лекин қисме аз беморон мегӯянд, ки аз ин бештар маблағ сарф мекарданд. Пас аз он ки ба хизматрасонии муздноки тиббӣ, пардохти муштарак гузаштем, хароҷоти беморон камтар шудааст. Агар мо ба пиёда намудани ин қарор барнагардем, барои роҳбарони муассисаҳои табобатӣ, масъулини сохторҳои вазорати тандурустӣ идора намудани ин ки пизишкон дигар тамаъҷӯӣ накунанд, хеле душвор мешавад, яъне он тавре ки буд, ҳамон хел давом мекунад."

Ҷаноби Раҳмонов инчунин гуфт, пас аз гузаштан ба низоми табобати пулакӣ музди меҳнати пизишкони ин марказ 4-5 маротиба боло рафтааст. Вай ба унвони далел гуфт, пизишконе, ки дар моҳи июли соли равон ба ҳисоби миёна 22 сомонӣ маош мегирифтанд, дар моҳи август ин нишондод ба 179 сомонӣ расид. Ҳамзамон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ дар марказ корҳои таъмирӣ гузаронида шуда миқдори зиёди маводи дорувор дастрас шудааст.

Дар ҳамин ҳол, беморони дармонгоҳи марказии ба номи Дякови шаҳри Душанбе мегӯяд, бо вуҷуди пулакӣ шудани табобат баъзе пизишкон аз онҳо маблағҳои иловагӣ талаб мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷорӣ шудани низоми пулакии табобат боиси он шудааст, ки хароҷоти беморон дар муассисаҳои тиббӣ бештар шавад.

Дар фармони ахири вазири тандурустӣ гуфта шудааст, ки бояд гурӯҳи кории ин вазорат бо назардошти вазъи иқтисодии аҳолии кишвар ва фарқиятҳои минтақавӣ, то 10-уми ноябри соли равон нархномаҳои ҷадиди муолиҷаро муайян намояд. Ба гуфтаи манбаъ аз вазорати тандурустӣ, аз 1-уми декабри соли ҷорӣ низоми табобати пулакӣ дар муассисаҳои тиббӣ дубора роҳандозӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG