Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи сулҳи Нобел ба Ал-Барадайӣ расид


Кумитаи норвегии ҷоизаҳои Нобел Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ ва раиси он Муҳаммад Ал-Барадайиро барои кӯшиши онҳо ба пешгирӣ аз истифодаи нирӯи ҳаставӣ бо мақсади ҳарбӣ сазовори Ҷоизаи сулҳи соли 2005 донист. Ин кумита гуфт, ҷоизаи мазкур дар байни бунгоҳ ва раиси он ба таври баробар тақсим мешавад. Ал-Барадайӣ, ки аз Миср мебошад, аз соли 1997 раиси Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳаставӣ аст ва бо ҳалли бӯҳронҳои ҳаставии Ироқ, Кореяи Шимолӣ ва Эрон машғул мебошад. Бо шунидани ин хабар Ал-Барадайӣ гуфт, онро ҷоизаи ҳамаи кормандони бунгоҳ мешуморад ва ҳам шинохти хатарҳое, ки имрӯз ба ҷаҳон таҳдид мекунанд.
XS
SM
MD
LG