Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи наврасон


Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 7 октябр, дар зодрӯзи шодравон Султон Мирзоев дар варзишгоҳи "Спартак"-и пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, бар тими Душанбе- 3 ғолиб омад. Вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бозингарони дастаи Душанбе - 4 бо ҳисоби 8:7 ғалаба карданд ва натиҷаи умумии бозӣ 9:8 ба нафъи онҳо шуд. Дастаи Душанбе- 3 мақоми дуввум ва дастаи Душанбе-1 мақоми севвумро ишғол карданд. Шариф Назаров, сармураббии тими миллии Тоҷикистон дар бораи ин мусобиқа ба радиои Озодӣ чунин иброз дошт: "Султон Мирзоев яке аз футболбозони барҷастаи тоҷик буд , ки барои гиромидошти хотираи ӯ ин мусобиқа ҳар сол дар зодрӯзаш натиҷагирӣ мешавад. Мо дар ин мусобиқа бозингарони ҷавону боистеъдод ва умедбахшро дарёфт намудем, ки дар ояндаи наздик дар ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ҳарчи бештар гузаронидани чунин мусобиқот байни наврасон ба рушди футбол дар ҷумҳурӣ хизмат мекунад."

Ва боз як хабар барои мухлисони футбол ин аст, ки "Ориёно"-и Душанбе, дастаи футболи лигаи якум ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон баромад. Ин даста дар дидори худ дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бар рақиби аслиаш - "Тоҷиктелеком"-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 2:1 ғалаба кард. Голҳоро Даврон Тӯхтасунов дар дақиқаи 22-юм ва Тӯйчӣ Сафаров дар дақиқаи 50-ум, ҳарду аз дастаи "Ориёно" ба ҳадаф расонданд. Фозил Сатторов дар дақиқаи 72-юм ҳисобро тағйир дод. Воқеан ин голи дувоздаҳуми ҳамлагари "Тоҷиктелеком" дар бозиҳои мусобиқоти имсола ба шумор меравад ва ӯ алъон дар рақобатҳои нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал мебошад. Дастаҳои "Ориёно" ва "Тоҷиктелеком" натоиҷи мушобеҳ – 25 имтиёзӣ ба даст оварда, дар 8 бозӣ пирӯз гаштаанд, як дидорро мусовӣ анҷом дода, дар 2 бозӣ мағлуб шудаанд. Танҳо таносуби тӯбҳои "Ориёно" беҳтар аст, бинобар ин дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. "Тоҷиктелеком" мақоми дуввумро ишғол мекунад. Ҳарду дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқот дар се бозии боқимондаи худ барои дарёфти мақоми аввал талош хоҳанд кард. Дар даври навбатии мусобиқот рӯзи шанбеи 8 октябр "Гвардия"-и Душанбе бо "Ваҳдат"-и Ваҳдат ва "Ҳулбук"-и Восеъ бо "Фархор"-и Фархор зӯрозмоӣ мекунанд. Дидори "Ориёно" бо "Меҳнат"-и Колхозобод рӯзи душанбеи 10 октябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG