Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико аз ҳукми додгоҳ нисбат ба Искандаров


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе бо пахши як баёнияе аз ҳукми додгоҳ ба Муҳаммадрӯзӣ Искандаров изҳори нигаронӣ кардааст. Дар баёнияи сафорати ИМА дар Душанбе омадааст, ки ҳарчанд сафорат ба иттиҳомоти алайҳи Искандаров баҳо дода наметавонад, вале аз наҳваи боздошт, мурофиа ва ҳукми додгоҳ нисбати ӯ нигарон аст. Сафорат гуфтааст, наҳваи интиқоли ғайриқонунии Искандаров аз Русия, изҳороти ӯ дар мавриди муносибати таҳқиромез нисбаташ дар боздоштгоҳ ва мушкилоти оилаву вакили дифоъаш барои вохӯрӣ бо ӯ боиси нигаронӣ мебошад. Дар баёния омадааст, сафорати Амрико дар Душанбе аз оғоз ин қазияро пайгирӣ менамуд ва аҳамияти риояи қонун дар баррасии ин парвандаро таъкид мекард. Дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2006, Иёлоти Муттаҳида даъват мекунад, ки ин интихобот бо риояи куллияи меъёрҳои байналмилалӣ, озод, шаффоф ва бидуни таҳдидҳо ба довталабон аз аҳзоби мухолиф гузаронида шавад, таъкид шудааст дар баёнияи сафорати ин кишвар дар Душанбе.
XS
SM
MD
LG