Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Аврупову Осиё ҳамроҳ мешавад.


Рӯзи панҷшанбе раҳбарони панҷ кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ эълон карданд, ки иттиҳодияи ёдшуда бо Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Аврупову Осиё (ЕвразЭС) муттаҳид мешавад.
Раҳбари даврии Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Санкт-Петербург изҳор намуд, ки раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, ҷараёнҳои ҳамоиш дар қаламрави Аврупову Осиёро идома диҳанд:
" Такмили санадҳо дар мавриди ташкили консортсиумҳои обиву энергетикӣ, озуқа ва нақлиёт, ки чанд сол боз идома дорад, зарур аст. Соли равон ду мулоқот бо ширкати коршиносони Русия доир шуд ва онҳо дар беҳбуди ин барномаҳо саҳм гузоштанд. Дар масъалаи идома ин раванди муҳим ман аз он фикр ҷонибдорӣ мекунам, ки ҳангоми ҳалли ин масъалаҳо бояд ташкили бозори умумӣ мадди назар бошад".
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмонов қарори ҳамроҳшавии Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Аврупову Осиё бо дар назар дошти мутобиқати манфиатҳои стратегии ду созмон қабул шудааст.
Раҳбарони кишварҳо ба мувофиқат расиданд, ки як ҳайъати муштараки кориро барои таҳияи санадҳои зарурии ҳамоиш ташкил намоянд.
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки президенти Беларус Александр Лукашенко ба пайвастани Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ мухолиф нест.
Беларус ягона кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Аврупову Осиё мебошад, ки дар Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ узвият надорад. Бидуни мувофиқати ин кишвар ҳамроҳшавии созмонҳо қонунӣ ҳисоб намешуд.
Рӯзи панҷшанбе Узбакистон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Аврупову Осиё пазируфта шуд.
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Аврупову Осиёро Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2000-ум ташкил карда буданд. Арманистон, Молдова ва Украина дар ҷаласаҳои ин созмон ба ҳайси нозир иштирок мекунанд.
XS
SM
MD
LG