Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия


Шоҳини Самад

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия рӯзи панҷшанбеи 6 октябр дар толори нави театри бузурги Маскав, воқеъ дар ҳошияи Кохи Кремл бо иҷтимоъи пуршукӯҳи тоҷикони муқими Маскав ва фарҳангиёни Тоҷикистону Русия ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ, раиси ҷумҳури Русия Владиимир Путин ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ширкат доштанд. Эмомалӣ Раҳмонов раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни хайрамақдами меҳмонон ба ҷашни фарҳанги тоҷик дар Маскав ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро дар заминаи фарҳанг барои тавсеъаи ҳамкориҳои раҳбурдии ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.

Дар посух Владимир Путин таъкид кард, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия барои шинохти ҳарчи бештари Тоҷикистони муосир дар Русия зиёд арзиш дорад. Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонов ба маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанг ба театр пас аз мулоқот дар Кремл ташриф оварданд. Бино ба хабари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия дар мулоқот дар Кремл, Путин ва Раҳмонов ибрози умедворӣ карданд, ки тарҳҳои иқтисодии ду кишвар иҷро хоҳанд шуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, Раҳмонов барои ширкат ба иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ аз Маскав озими Санкт-Петербург хоҳад шуд.

Бахши ҳунарии маросим бо рақси дастаҷамъии гурӯҳҳои ҳунарии «Зебо» ва "Гулрез" шурӯъ гардид, ки ҳозирон онро гарм истиқбол карданд. Саҳнаи қироъати намунаҳои ашъори ҳакимонаи шуарои бузурги тоҷик бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз сӯи ҳунармандони театри Лоҳутии Тоҷикистон хеле хуш пазируфта шуд.

Ҳамзамон дар толори табақаи аввали театри бузури Маскав намоишгоҳи аккосии "Тоҷикистони муосир" ифтитоҳ шуд, ки дар онҳо вижагиҳои рӯзгори мардуми тоҷик таҷассум гардидааст. Як тан аз ширкатдорони маросими ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон нависанда Темури Зулфиқор бо арзишманд хондани равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми русу тоҷик аз табори ақвоми ҳиндуаврупоӣ ҳастанд ва ин омил барои ҳамгироии ду миллат муассир хоҳад буд.

Ҳамзамон рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Маскав дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия намоишгоҳи наққошиҳои мусаввирони муосири Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Дар нишасти матбуотие, ки дар робита дар осорхонаи таърихи муосири Русия дар Маскав баргузор гардид, вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷабмад Амиров ба ҳозирон дар бораи вазъи фарҳанг ва ояндаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия сӯҳбат кард.

Ба гуфтаи Раҷабмад Амиров, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия бо ибтикори вазоратаҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия баргузор мегардад ва тайи се рӯз мардуми Русия бо дастовардҳои ҳунарӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик шинос мешаванд.
XS
SM
MD
LG