Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲДТ ҳукми додгоҳ нисбати Искандаровро ангезаи сиёсӣ дошта медонад


Садорати Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния, аз ҷониби Додгоҳи Олӣ ба 23 сол маҳкум шудани лидери ин ҳизб, Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро марбут ба фаолияти сиёсии ӯ донист. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз соли 2000- ум ба ин тараф раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон мебошад. Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ бо баргузории нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе баёнияи садорати ҳизбро интишор дод.
«Садорати ҲДТ боздошт ва ба маҳкам кашида шудани Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро марбут ба фаъолияти сиёсии ӯ дониста айбномаи додситонӣ ва додгоҳи олиро тӯҳмати маҳз медонад. Аз рӯзи аввали боздошти оғои Искандаров бо вуҷуди ҷанбаи сиёсӣ доштани ин қазия, аз Додгоҳ расидагии одилонаро интизор доштем»
Аммо як рӯз қабл, пас аз эълони ҳукми Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси мурофиаи додгоҳӣ Зафар Азизов ба хабарнигорон ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров рад кард. Вай гуфт: «Ҳолатҳое, ки дар мурофиаи додгоҳӣ рӯшан шуданд, ягон далелеро, ки ба фаъолияти сиёсии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров вобастагӣ дошта бошад, нишон намедиҳад. Ва ин парванда ва ҳукми додгоҳ ба фаолияти сиёсии оғои Искандаров ҳеҷ рабте надорад». Аммо ба дунболи ҳарфҳои раиси мурофиаи додгоҳӣ, вакили мудофеъи Искандаров, Аъзам Бадриддинов гуфт, ҳукми додгоҳ ноодилона ва ҷараёни расидагӣ ба парвандаи ӯ якҷониба сурат гирифт. Худи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар суханронии ниҳоии худ ду рӯз қабл аз ҳукми додгоҳ таъкид карда буд, ки маҷмӯи айбномаи додситонӣ ва додгоҳи олӣ нисбати ӯ, ҷавоб ба фаъолияти сиёсии ӯ ба ҳайси раиси ҲДТ будааст.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG