Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи намоишгоҳи аккосони тоҷик дар Маскав


Дар чаҳорчӯби рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар осорхонаи таърихи муосири Русия воқеъ дар маркази Маскав намоишгоҳи наққошони Тоҷикистон ва ҳамчунин намоишгоҳи аккосӣ бо номи «Тоҷикистони муосир» ифтитоҳ шуд. Ба гуфтаи мудири бахши намоишгоҳҳои мутаҳаррики осорхонаи таърихи муосири Русия Александр Иллин дар намоишгоҳ 70 наққошии мусаввирони маъруфи тоҷик ба тамошо гузошта шудааст.
Сарпарасти намоишгоҳи Тоҷикистон дар осорхонаи таърихи муосири Русия гуфт, ифтитоҳи намоишгоҳи наққошони тоҷик ҳам барои алоқамандони фарҳанги тоҷик дар Маскав ва ҳам барои тоҷикони муқими Маскав аҳамияти зиёд дорд.
Вай илова кард, яке аз вижагиҳои ин намоишгоҳ ин аст, ки аксари наққошони тоҷик шогирдони донишгоҳҳои наққошии Маскав ва Санкт- Петербург мебошанд. Александр Иллин афзуд, ки намоишгоҳи рассомони тоҷик дар осорхонаи таърихи муосири Русия то 9 октябр идома хоҳад кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG