Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмонов бо муовини котиби давлатии Амрико


Роберт Ҷозеф, муовини вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба назорат бар таслиҳот ва амнияти байналмилалӣ баъд аз мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, дар ин дидор масоили марбут ба амнияти ҳаставӣ дар минтақа, ҷилавгирӣ аз густариши интишори силоҳи ҳаставӣ ва мубориза бо даҳшатафканӣ баррасӣ шуд. Роберт Ҷозеф бо таваҷҷӯҳ ба ин масоил гуфт, Осиёи Марказӣ барои Амрико минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ маҳсуб мегардад. Муовини котиби давлатии Амрико дар сӯҳбате, ки пас аз дидор бо президенти Тоҷикистон бо хабарнигорон дошт, гуфт, дар ин мулоқот мавзӯъи кӯчонидани пойгоҳи низомии Амрико аз Хонободи Узбакистон ба Тоҷикистон матраҳ набуд. Мақоми амрикоӣ дар посух ба ин суол ки оё эҳтимоли истифодаи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зимни амалиёти кӯчонидани пойгоҳи Хонобод вуҷуд дорад ё на, гуфт, ин масъала низ дар ин дидор матраҳ набуд. Дар мавриди ҳадафи сафари қарибулвуқӯъи Кондолиза Райз, котиби давлатии Амрико ба Тоҷикистон, Роберт Ҷозеф гуфт, масоили мубориза бо даҳшатафканӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқ ва интишори силоҳи ҳаставӣ ва ҳамчунин, тавсиаи раванди мардумсолорӣ ва ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз мавзӯъоти аслӣ дар дидорҳои бону Райз бо мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG