Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Ҷорҷ Буш ба ифтихори фарорасии моҳи шарифи Рамазон


Ҷорҷ Буш, президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико мусалмонҳои Иёлоти муттаҳида ва саросари ҷаҳонро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт. Дар паёми ӯ, ки ахиран дафтари матбуотии Кохи Сафед пахш кард, омадааст:

"Ман ва Лора гармтарин дурудҳои худро ба мусалмонони Иёлоти Муттаҳида ва саросари ҷаҳон, ки ба баргузории моҳи Рамазон машғул ҳастанд, тақдим медорем. Моҳи Рамазон, ки нузули Қуръонро бар Муҳаммад паёмбар ҷашн мегирад, муборактарин моҳ дар соли мусалмонон аст. Рамазон замонест барои даруннигарӣ, рӯза ва дастгирӣ аз мустамандон. Ҳамчунин замонест барои рушди маънавӣ ва дуову муносибате барои саҳм гирифтани табрики парвардигор бо муҳтоҷон ва ёд доштани онон, ки аз саъодати камтаре бархӯрдор ҳастанд.

Кишвари Амрико дар тӯли таърихи худ аз кӯмакҳои мардуми адёни мухталифе баҳра бурдааст. Шаҳвандони мусалмони мо бо имон, бахшиш ва шафқати худ моро дар сохтани миллати қавитару пурумедтар ёрӣ додаанд. Умед аст ин Рамазон барои мусалмонони Иёлоти муттаҳида ва саросари ҷаҳон хуҷаста бошад. Рамазон муборак!

Ҷорҷ Буш."
XS
SM
MD
LG