Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи даҳаи фарҳанги тоҷик дар Маскав


Иброҳим Усмонов, муовини вазири фарҳанги кишвар мегӯяд, 6 октябр дар толори театри Бузурги опера ва балети Маскав рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия ифтитоҳ меёбад ва ба ин маъракаи фарҳангӣ беш аз 200 нафар ҳунарманд ҷалб шудаанд. Фарҳанги тоҷикро дар Маскав театри опера ва балет, хори академӣ, гурӯҳҳои эстрадӣ ва созу навои миллӣ, сарояндагони саршиносе бо шумули Аҳтам Холиқов, Давлатманд Холов, Миралӣ Достиев, Акбар Мирраҷабов, Саидқул Билолов ва даҳҳо тани дигар муаррифӣ мекунанд.
Иброҳим Усмонов мегӯяд, ҳамзамон, барои нахустин бор шаҳрванди тоҷиктабори амрикоӣ ба ин маърака даъват шудааст:

«Аз Амрико ба ҳайси як намояндаи ҳунари тоҷик Артур Гулкоров, писари артисткаи халқии СССР Малика Қаландарова даъват шудааст, ки ӯ се рӯз пеш бо ҳамин мақсад ба Душанбе омада буд ва дар ҳайъати ҳунармандони тоҷик озими Маскав шуд»

Дар назар аст, ки рӯзи 6 октябр дар толори театри бузурги Маскав намоиши аксҳо ва нигораҳои рассомони тоҷик, ифтитоҳ ёбад. Гурӯҳи рассомони тоҷикистониро дар ин сафар Вафо Назаров сарварӣ дорад.

Ба иттилоъи ҷаноби Усмонов пас аз анҷоми даҳаи фарҳанг гурӯҳи ҳунармандони тоҷик ба Порис сафар мекунад:

«Беш аз 100 тан аз ҳунармандони тоҷик пас аз анҷоми чорабиниҳо дар Маскав ба Порис сафар мекунанд, ки дар он ҷо бо ташаббуси ЮНЕСКО рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Фаронса баргузор мегардад ва онҳо дар ин маърака иштирок мекунанд»

Нуруллоҳи Абдуллоҳ- муовини раиси Иттифоқи арбобони театрӣ, ки дар Маскаву Порис нақши Рӯдакӣ, асосгузори адабиёти форсии тоҷикиро мебозад гуфт, «Гурӯҳи кории театри Лоҳутӣ аслан ба Маскав омодагӣ мегирифт, вале ба президент баромади гурӯҳи мо мураттаб аз Исо Абдуррашидов, Ибодулло Машрабов, Фирӯз Умаров, Қурбони Собир ва ман, Нуруллоҳи Абдуллоҳ писанд омад, ки мо нақшҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Синову Хайёмро бозидем ва шахсан президент моро ба ҳайъати ҳунармандон, ки ба Порис мераванд, шомил кард»

Ҳомии молии сафари гурӯҳи бузурги ҳунармандони тоҷик ба Русия ва Фаронса ҳукумати Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG