Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири корҳои хориҷии ИМА аз Тоҷикистон дидан мекунад.


Ҳафтаи оянда (аз 10 то 13 октябр) бо ҳадафи пуштибонӣ аз бозсозии сиёсиву иқтисодии минтақа котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Кондолиза Райс аз Афғонистон ва се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ зиёрат мекунад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ИМА Шон Маккормак мегӯяд, дар ҷараёни боздид аз Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон Кондолиза Райс саъй хоҳад кард, ки раванди демократиконии ҳокимиятҳои минтақаро ташвиқ намояд.
Маккормак меафзояд: "Паёми асосии вазири корҳои хориҷӣ ин аст, ки ИМА аз равандҳои сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодии минтақаи муҳим дастгирӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин таъкид хоҳад кард, ки бозсозии сиёсиву иқтисодӣ барои эҳтироми ҳуқуқи башар, пуштибонӣ аз озодии сухан ва ҳокимияти хуб зарур аст".
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ИМА иброз дошт, ки сафари Кондолиза Райс ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ на кӯшиши мухолифат ба тавсеаи нуфузи Русияву Чин, балки пуштибонии Вашингтон аз ислоҳот дар кишварҳои минтақа аст.
Ба қавли Шон Маккормак аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми зиёрат аз минтақа вазири корҳои хориҷии ИМА ба кишварҳои дигар ҳам ташриф орад, вале мансабдори амрикоӣ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG