Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ду афсари қочоқчиро маҳкум ба зиндон кард


НХ

Додгоҳи низомии Тоҷикистон ду афсари кумитаи марзбоинро ба ҷурми даст доштани дар қочоқи маводи мухаддир маҳкум кардааст. Ба гуфтаи манобеи додгоҳи низомӣ, сарҳанг Абдурауф Шарифов-афсари қисми низомии 2610-и Кумитаи марзбонӣ ба 14 соли зиндони низоми шадид ва лейтинант Саҳомидин Боронов ба 1 соли зиндони маъмулӣ маҳкум шудаанд. Бино ба далели мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳ ин ду афсари нируҳои марзбонӣ дар қочоқ ва фурурши маводи мухаддир бо як гуруҳи қочоқбар кумак ва ҳамкорӣ кардаанд. Тибқи ҳукми додгоҳ моликияти сарҳанг Абдурауф Шарифов низ мусодира шудааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳамин парванда шаҳрванд Сайидҷалол Ташрифов, ки ба гуфтаи додгоҳ, созмондиҳандаи аслии ҷиноят дониста мешавад, муҳокима ва ба 16 соли зиндони низоми шадид ва мусодираи молу мулк маҳкум шудааст. Ин се нафар чор моҳи пеш ҳангоми муомила ва ба даст овардани 6 килограм героин боздошт шуда буданд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG