Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат кинои тоҷикро рушд медиҳад


Мутобиқи «Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2011», бо дастгирии молии ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳи ҷавонон дар донишкадаҳои санъати кишварҳои хориҷӣ таҳсил хоҳанд кард ва пасон барои кори доимӣ ба киностудияи «Тоҷикфилм» даъват хоҳанд шуд. Дар робита ба «Барномаи рушди кино дар Тоҷикистон» Муҳаммад Ғоиб, раиси киностудияи «Тоҷикфилм» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сангини соҳаи синамо, кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ тасмим гирифт, ки ин «Барнома»-ро таҳия намояд, то аз ҷониби ҳукумати кишвар соҳаи синамо дар Тоҷикистон низ бештар маблағгузорӣ шавад.

Ва аммо Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ин ҷаласаи ҳукуматӣ гуфтааст, синамо як воситаи хуби муаррифӣ намудани кишвар ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилал мебошад. Оқои Раҳмонов таъкид кардааст, баҳри эҳё ва афзун намудани шӯҳрати пешинаи синамои тоҷик чораҳои қатъию таъхирнопазир андешида шавад.

Муҳаммад Ғоиб, раиси киностудияи «Тоҷикфилм» мегӯяд, дар чаҳорчӯби барномаи мазкур дар навбати аввал ҳудуди 4 миллион сомонӣ, чизе бештар аз 1 миллиону 250 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст, ки барои харидории дастгоҳҳои сабт ва таъмири саҳнаҳои наворбардорӣ ва кинотеатрҳои кишвар масраф хоҳад шуд. Муҳаммад Ғоиб гуфт, буҷаи солонаи ниҳоди вай ҳамагӣ 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағ ҳатто барои сабти як филми касбии ҳунарӣ кифоят намекунад.

Вай афзуд, дар соли ҷорӣ аз сӯйи «Тоҷикфилм» танҳо ду филми мустанад ба навор гирифта шудааст. Аммо ба гуфтаи оқои Ғоиб, ҳамакнун як филми ҳунарӣ бо номи «Беҳзод» наворбардорӣ шудааст ва дар як моҳи дигар сабти филми ҳунарии «Зинда бодо зиндагонӣ!» шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG