Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Ирон дар Тоҷикистон: Имкони такрори варианти Ироқ дар Ирон баъид ба назар мерасад


Носир Сармади Порсо- сафири Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон тасвиби Қатъномаи ахири Оҷонси Байналмилалии Ҳастаиро алайҳи барномаҳои ҳастаии кишвараш як иқдоми сиёсӣ хонд. Сармади Порсо, ки дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи мавзеъгирии ҳукумати кишвараш нисбат ба парвандаи ҳастаӣ тавзеҳот медод, гуфт, ки таъсисоти ҳастаии Ирон дар ду соли ахир беш аз 700 маротиба мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши коршиносону бозрасони Оҷонси Байналмилалии Энержии Ҳастаӣ қарор гирифтааст. Ба гуфтаи вай, дар ин муддати таҳқиқоти худ бозрасон далеле пайдо накарданд, ки муассисоти ҳастаии Ирон ҳадафҳои низомиро дунбол мекунанд. Вай афзуд ,ки ҳоло кишвараш аз тавоноии технологии ғанисозии урониюм бо гаеройиши сулҳомез бархурдор аст ва метавонад аз он барои рушди арсаҳои мухталиф, аз ҷумла тавлиди енержӣ , корҳои муҳандисӣ, кишоварзӣ , пизишкӣ истифода кунад. Аз сӯи дигар оқои Порсо гуфт, ҳоло Ирон имкони роҳандозии барномаҳои сӯхти ҳастаӣ ба берун аз кишварашро низ дорост , ки ба таъбири вай, он сабаби аслии фишори абарқудрати олам барои ҷилавгирӣ аз идомаи иҷрои барномаҳои ҳастаӣ дар Ирон шудааст. Носир Сармади Порсо дар посух ба суоле роҷеъ ба эҳтимоли эъломи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва паёмади он гуфт, табиист, ки таҳримҳои иқтисодӣ мушкилоте ба бор меорад, аммо ин мушкилот ба ин маънӣ нест, ки ба қавли оқои Порсо, Ирон ба суи қибла дароз бикашад ва маргро интизор шавад. Ҳамзамон сафири Ирон дар Тоҷикистон изҳор дошт,ки Русия кишвари ӯро дар вазъияти пешомада ҷонибдорӣ хоҳад кард, зеро ин ду кишвар ҳам дар арсаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ манофеи муштарак доранд. Оқои Порсо ба рузноманигорон гуфт, ҳатто дар сурати ирҷои парвандаи ҳастаии Ирон ба Шӯрои Амният имкони такрори варианти Ироқ дар Ирон баъид ба назар мерасад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG