Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатораи Душанбе -Маскав дубора ба роҳ баромад


Аввалин қатораи мусофирбари Душанбе - Маскав бо 700 мусофир баъд аз таваққуфи панҷсола рӯзи чоршанбеи чаҳоруми октябр аз Душанбе равонаи Маскав шуд. Александр Андрианов- муовини сардори корхонаи воҳиди роҳи оҳани Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, азсаргирии ҳаракати қатораи Душанбе - Маскав баъд аз анҷоми музокироти тӯлонии мақомоти роҳи оҳани тоҷику рус ва ба даст омадани тавофуқ дар ин замина имконпазир гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе қатораи самти Душанбе-Маскав аз пойтахти Тоҷикистон ба роҳ мебарояд. Замони ҳаракати қатора чор шабонарӯзро дар бар мегирад ва қарор аст, он шоми шанбе вориди истгоҳи роҳи оҳани Қазони Маскав шавад. Корхонаи воҳиди роҳи оҳани Тоҷикистон аз фурӯши 50 дарсади чиптаҳо барои ҳафтаи оянда дар хати сайри Душанбе - Маскав хабар медиҳад. Арзиши чиптаҳои вагони плотскарт дар қатораи Душанбе - Маскав 307 сомонӣ ва қиммати як ҷой дар вагони купе 397 сомонӣ таъин шудааст. Бар асоси тавофуқи ахири Тоҷикистону Русия шаҳрвандони ду кишвар ҳоло имкон доранд ба кишварҳои ҳамдигар бо шиносномаи дохилӣ сафар кунанд. Аммо ба далели убури қатораи Тоҷикистон аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ фурӯши чиптаҳои қатораи Душанбе-Маскав барои шаҳрвандони тоҷик танҳо бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад. Аммо ҳангоми мусофират ба Русия тавассути ҳавопаймо шаҳрвандони тоҷик акнун метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи дохилӣ чиптаи сафар дарёфт намоянд.
Холиқи Сангин, Душанбе.
XS
SM
MD
LG