Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ва Покистон - рақибони Тоҷикистон


Сӯҳроб Қосимов, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи сешанбеи 4 октябр ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки моҳи ноябр дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2006 ширкат мекунад. Вай гуфт, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи худ дар шаҳри Душанбе бо дастаҳои Узбакистон ва Покистон рақобат хоҳад кард. Дар доираи омодагиҳо ба ин бозиҳо дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими «Ambassador»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозии контролӣ анҷом хоҳад дод. Ин дидори дӯстона, ки бо пешниҳоди намояндагии созмони амрикоии CADA дар Тоҷикистон ва дархости Айрон Тредверд, ноиби президенти бошгоҳи «Ambassador» аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон хуш пазируфта шуд, аввали моҳи ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад. Қабл аз ин дидор баргузории бозии дӯстона миёни дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва тими «Аmbassador» 2 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст. Раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи чоршанбеи 5 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2005 байни дастаҳои маъруфи ин кишвар - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.

Ва як хабар барои ҳаводорони шоҳмот. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти ҷоиза ба хотираи Усмон Ҳусейнов, шатранҷбози маъруфи тоҷик бо пирӯзии Илҳом Юнусов аз шаҳри Душанбе хотима ёфт. Бино ба иттилои Ёқуб Раҳимов, муовини аввали раиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон ин мусобиқа бо ширкати 62 шатранҷбоз аз манотиқи мухталифи ин кишвар дар толори мактаби махсуси шоҳмоти шаҳри Душанбе тӯли нӯҳ рӯз идома кард. Номзад ба устоди варзиш Илҳом Юнусов, ки аз нӯҳ бозӣ 7,5 хол ба даст овард, соҳиби мақоми аввал ва ҷоми сайёри мусобиқа гашт. Устоди байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов ва шатранҷбози ҷавон Икром Илҳомзода, ҳарду аз Душанбе мутаносибан мақоми дуввуму севвумро касб намуданд. Дар рақобатҳо байни занон низ шатранҷбози ҷавони душанбегӣ Шаҳноза Умарова бо 5,5 имтиёз аз нӯҳ дидор мақоми аввалро ишғол кард. Ҳамшаҳриҳои вай - Надежда Антонова бо 5 имтиёз ва Меҳрангез Раҳматова бо 4,5 имтиёз мутаносибан ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG