Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо бар зидди Ӯзбакистон


Иттиҳоди Аврупо алайҳи Ӯзбакистон баъзе таҳримҳо эълом кардааст. Ин тасмим дар мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо рузи душанбе дар Люксембург эълон шуд. Таҳримҳои мазкур , аз ҷумла, манъи фурӯши аслиҳа ба Ӯзбакистон, қатъи ҳамкорӣ бо ин кишварро дар бар мегирад. Ҳамчунин дар ин таҳримҳо омдааст, ононе, ки дар ҳодисаҳои Андиҷон мустақиман даст доранд, аз рафту омад ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маҳрум мешаванд. Иттиҳоди Аврупо аз Ӯзбакистон интиқод кард, ки дархостҳои байналмилалӣ дар мавриди анҷоми расидагии мустақил ба руйдодҳои моҳи марти Андиҷонро напазируфтааст. Ӯзбакистон идаъо мекунад, ки дар руйдодҳои Андиҷон 187 кас кушта шудааст. Вале созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар шумораи кушташудагонро ҳудуди 700 нафар тахмин мезананд. Ба ин тартиб, Иттиҳоди Аврупо бо таҳримҳои худ Ӯзбакистонро аз дарёфти миллионҳо доллар кӯмаки молӣ дар соли оянда маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG