Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи шарифи Рамазон фаро расид


Чоруми октябр ба рӯзи аввали Рамазон, моҳи шарифи мусалмонон рост омадааст. Ҳамдулло Раҳимзода, имомхатиби масҷиди марказии Тоҷикистон ва узви Шӯрои уламо гуфт, рӯзи аввали Рамазон бо тавофуқи назари ҳамаи 27 узви шӯрои уламои Тоҷикистон таъин гардид. Ҳамдулло Раҳимзода ҳамчунин гуфт, зимни таъйини рӯзи аввали моҳи Рамазон, имсол, Шӯрои уламо барои эҷоди ҳамоҳангӣ назари уламо ва марказҳои мӯътабари исломии хориҷро ба инобат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта шурӯъи моҳи Рамазон ҳатто дар навоҳии гуногуни кишвар ба як рӯз рост намеомад. Аммо имсол, мегӯяд ҷаноби Раҳимзода, тамоми ниҳодҳои ноҳиявии Шӯрои уламо муваззаф гардидааст, иҷрои қарори ниҳоди марказиро дар бораи шурӯъи моҳи Рамазон таъмин намояд. Ва аммо дар моҳи Рамазон худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва ҷимоъ бо зан аз тулӯъ то ғуруби офтоб барои фарди савмдор фарз аст. Ислом доъии ҳамешагии адлу инсоф аст, бавижа дар моҳи Рамазон. Вале дар Тоҷикистон имсол низ ба мисли солҳои пешин болоравии нарху навои маводи ғизоӣ дар пешорӯи моҳи Рамазон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG