Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шайх" ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрум шуд.


Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи мухолифинро бо ҷурми ташкили "амали террористӣ" ба муддати 22 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Сухангӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон гуфтааст, Ёрибек Иброҳимов, ки бо тахаллуси "Шайх" маъруф мебошад, дар ташкили ҳамла болои идораҳои додситонӣ ва корҳои дохилии ноҳияи Тоҷикобод дар моҳи августи соли 2004-ум айбдор дониста шуд.
Чор шарики Иброҳимов, ки дар ҳамла нақш доштаанд, ба муддати аз 11 то 16 сол аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Дар солҳои муқовимати шаҳрвандии Тоҷикистон гурӯҳи мусаллаҳи зери раҳбарии Иброҳимов дар ноҳияи Тоҷикобод бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёт пеш мебурд. Баъди имзои Созиши Умумии Сулҳ ва Оштии Миллии миёни тоҷикон ӯ муддате раҳбарии яке аз хоҷагиҳои ҳамин ноҳияро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG