Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммадрузӣ Искандаров худро гунаҳгор намедонад


аз мурофиаи додгоҳ Маҳмадрузӣ Искандаров- Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар сухани ниҳоии хеш дар мурофиаи Додгоҳ иттиҳомоти Додситонии куллро рад кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон ба Маҳмадрузӣ Искандаров тибқи 8 моддаи қонунии ҷазоии ин кишвар айб эълон кард. Ба ин моддаҳо, аз ҷумла терроризм, бандитизм, созмондеҳии гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар солҳои 1992-1997, нигоҳдории силоҳи оташфишон, бо худ доштани муҳофизон ва ғорати маблағи давлатӣ бо ҳаҷми калон дохил мешавад. Айбдоркунандаи давлатӣ Меъроҷ Ҳакимов дар гузориши рузи душанбеи худ оқои Искандаровро мутаҳҳам донист ва мавқеи пешинаи худро ҳифз кард. Вай дар мурофиаи пешин аз додгоҳ дархост карда буд, ки оқои Искандаров 25 сол маҳкум ба зиндон шавад. Аммо Аъзам Бадриддинов-вакили мудофеи Маҳмадрузӣ Искандаров зимни суханони худ дар мурофиа далелҳоеро, ки Меъроҷ Ҳакимов барои мутаҳам кардани оқои Искандаров пеш овард, беасос хонд ва аз раиси мурофиа тақозо кард, ки Маҳмадрузӣ Искандаров сафед карда шавад. Маҳмадрузӣ Искандаров дар сухани охири худ, ки бештар аз як соат идома ёфт, бо ёдоварӣ аз замони фармендеҳиаш дар сафи иттиҳоди нируҳои мухолифини тоҷик ва то ворид шуданаш ба ҳукумат дар вазифаи раиси Комунсервис ва идораи Тоҷикгаз таъкид кард, ки ҳеҷ вакт ба тероризм даст назадааст ва бо амри раиси ҷумҳур барои худ муҳофиз гирифтааст. Меъроҷ Ҳакимов-айбдоркунандаи давлатӣ Маҳмадрузӣ Искандаровро ҳамчунин барои сарфи нодурусти 3,2 миллион сомонӣ ҳангоми фаъолияташ дар идораи Тоҷикгаз айбдор донист.Аммо оғои Искандаров даст доштани худ дар ришвахориро рад кард.
Қарор аст ҳукми додгоҳ рузи чаҳоршанбеи ҳафтаи равон дар мурофиаи ниҳоӣ эълон шавад.
XS
SM
MD
LG