Пайвандҳои дастрасӣ

Сесаду чиҳилу ҳашт марг дар зери чархҳои мошин


Фарзияи аввалин дар мавриди садамаи азими нақлиётӣ дар ноҳияи Хуросон, 56-километрии шаҳри Душанбе, ки бар асари он 21 нафар ба ҳалокат расида ва 6 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба дармонгоҳи ҳамин ноҳия интиқол ёфтаанд, ин аст, ки чархи пеши мусофирбари тамғаи «Икарус-250» кафида боиси бархӯрд бо автобуси дигар шудааст. Мусофирони «Икарус» осеб надидаанд, аммо дар пайи ин садама, автобуси «КАВЗ», ки бо гази моеъ ҳаракат доштааст, бо 24 мусофири дохилаш оташ гирифтааст. Ҳабибулло Мунавваров, масъули дафтари матбуоти Бозрасии давлатии нақлиётии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби инфиҷори мусофирбари «КАВЗ» ҳолати бади техникии он набудааст, балки ронандаи «Икарус» аз ӯҳдаи идораи автобус набаромадааст ва ба тарафи муқобили роҳ гузаштааст.

Ҳамзамон, Шарифҷон Каримов, мутахассиси департаменти нақлиёти автомобилии вазорати нақлиёти Тоҷикистон бар он назар аст, ки намешавад, гуфт, ки сабаби таркиши мусофирбари «КАВЗ» истифодаи нодурусти баллонҳои гази моеъ бошад. Ҷаноби Шарифов ҳамчунин гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба афзудани ҳолатҳои таркиши нақлиёте, ки бо гази табиӣ ва гази моеъ ҳаракат мекунанд, мутахассисони вазорати нақлиёт як дастури ҷадидеро таҳия кардаанд, ки он шартҳои фаннии таҷҳизонидани васоити нақлиётро муайян мекунад. Вай мегӯяд, ин дастур боиси ҷилавгирӣ аз садамаҳо ва инфиҷорҳои нав хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, афзоиши ҳодисаҳои инфиҷори мусофирбароне, ки бо сӯзишвории газӣ ҳаракат мекунанд, додситонии кулли Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст. Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли кишвар бо изҳори нигаронӣ аз ин вазъ зимни як нишасти матбуотӣ гуфтааст,

«Ин аз беназоратии вазорати нақлиёт ва мақомоте аст, ки васоити нақлиётиро танзим мекунанд. 11 парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.»

Бино ба иттилоъи Ҳабибулло Мунавваров, масъули дафтари иттилооти Бозрасии давлатии нақлиётӣ, соли равон дар қаламрави кишвар зиёда аз ҳазору дусад садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 348 нафар, бо шумули 55 кӯдаку наврас ба ҳалокат расида ва 1460 нафар ҷароҳатҳо бардоштаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Мунавваров, баланд кардани суръати ҳаракат, баромадан ба самти муқобили роҳ ва дар ҳоли сархушӣ идора намудани мошин сабабҳои аслии ба вуқӯъ пайвастани садамаҳои нақлиётӣ будааст, ки ба маргу мири мусофирон дар ҷодаҳо меанҷомидааст.
XS
SM
MD
LG